ФАЛАК-ИФОДАИ РОЗУ НИЁЗ, ТАЛАБУ ХОСТАҲОИ МАРДУМ. Ин мусиқии суннатӣ дар Тоҷикистон бештар рушд ёфтааст

ДУШАНБЕ, 10.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Фалак жанри мусиқии қадимии халқи тоҷик мебошад. Барои ҳифзи ин мероси қадимӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2007 инҷониб дар мамлакат Рӯзи Фалак баргузор мегардад. Дар ин робита мухбири АМИТ «Ховар» бо фалаксарои ҷавону умедбахш, гирандаи Шоҳҷизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз рӯйи номинатсияи «Сарояндагӣ» Наврӯзи Досӣ ва фалаксарои шинохта Моҳрухсор Сафиева суҳбат намуд.
Наврӯзи Досӣ дар таснифи фалак чунин гуфт: «ин мусиқии суннатии шифоҳӣ санъати сарояндагии мардуми тоҷик мебошад, ки давоми асрҳо тавассути овози сарояндагии дорои имконоти баланди мардону занон ҳамчун ифодаи розу ниёз, талабу хостаҳои мардумӣ ба «осмон» ё «фалак» арз мешавад. Аз ин нуктаи назар фалак ҳунаре мебошад, ки бо баландӣ — «осмон» ва «фалак» сару кор гирифта, дар навбати худ аз сароянда низ санъати баланди ҳунармандӣ талаб менамояд».
«Фалак бо асбоби бепарда хонда мешавад, ки нозуктарин ва душвортарин намуди асбоб дониста мешавад. Ҳеҷ жанр, аз ҷумла жанри фалак — хоҳ мусиқӣ бошад, хоҳ дигар, бе хусусияти хос буда наметавонад»,-афзуд ӯ.
Наврӯзи Досӣ зодаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин буда, аз хурдӣ фалакро меписандид ва дар ҳамоишҳои мактабӣ аз ин жанр суруд зам-зама мекард. Нозукиҳои ин жанрро дар муассисаи таълимии зодгоҳаш аз устодаш омӯхт.
Наврӯз ҳуҷҷатҳояшро ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов супорида, онро соли 2021 хатм намуд. Баъд аз иштирок ва ғолиб омадан дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» фаъолияти эҷодиашро дар Ансамбли давлатии «Фалак» — дастаи ҳунарии фалаксароёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз менамояд.
— Устодонамон ба мо омӯзондаанд, ки ҳеҷ жанре, хоҳ мусиқӣ бошад, хоҳ дигар бе хусусияти хос буда наметавонад. Масалан, ҳангоми иҷрои фалак бо шеваҳои гуногун хусусияти он маълум мегардад. Дар матни сурудҳои фалакӣ хусусияти шеваи иҷрои маҳалҳои гуногун зиёд ба назар мерасад ва матни сурудҳо аз хусусияти фонотекии тарзи гӯиши гуногун ва тарзи истифодаи шеърҳо иборат аст, — мегӯяд Наврӯзи Досӣ.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Моҳрухсор Сафиева иброз дошт, ки омӯзиши нозукиҳои ин жанр ба шогирдон аз устодон вобастагӣ дорад. Вазифаи устодон аз он иборат аст, ки ба шогирдон аввал таърихи жанр ва сипас нозукиҳои онро хуб омӯзонанд.
«Имрӯзҳо шавқмандони жанри фалак бештар гардидаанд. Бо баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» исбот гардид, ки жанри миллии мо дар замири ҳар тоҷикистонӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Зеро дар жанри анъанавӣ иштирокчиёни фалаксаро бештар дида мешаванд. Инчунин дар муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳ ба ин равия низ бештар мебошад. Ин мусиқии суннатии тоҷик умри дубора ёфта, ҳунари фалакхонӣ дар мамлакати мо рушди бештар намудааст»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.
Фалак чун жанри мусиқии суннатии мардуми тоҷик аз замонҳои куҳан вуҷуд дошт ва бо мурури замон такомул ёфта, хусусияти тоза касб намуд. Фалак ҳамчун мусиқии мардумӣ, фолклорӣ ва эҷодиёти халқ асосан дар намуди шифоҳӣ аз насл ба насл ба мерос мондааст. Фалакро аз рӯи қисматбандӣ ба фалаки даштӣ, фалаки роғӣ, фалаки қаландарӣ, фалаки сафарӣ, фалаки равона, фалаки ғарибӣ ҷудо намудаанд, ки ҳар кадоми он бо зарбу усул ва оҳанг аз якдигар фарқ мекунад. Асоси пайдоиш ва тавлиди фалакҳои гуфташуда аз мақоми фалаки роғӣ сарчашма гирифта, то ба даврони мо омада расидааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 10 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи фалак муайян карда шудааст. Ин санъати беназири миллии тоҷикон ифодаи ҳиссиёт, андеша ва руҳи мардуми тоҷик буда, дар рушди фарҳанги миллии мамлакат ҷойгоҳи арзанда дорад. Ин мусиқии суннатии тоҷик 15 декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж расман ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардид.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»