Хабарнигори «Russia Today» Саргон Ҳадая: «Тоҷикон мардуми меҳмоннавоз ҳастанд»
ДУШАНБЕ, 09.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Душанбе чун ҳарвақта зебою назаррабо ва мафтункунанда аст. Ба ман мавзеъҳои дилрабои шаҳри Душанбе, кӯчаю хиёбонҳои тозаю озода, боғҳои сарсабзу гулпӯш, биноҳои баланди бо тарҳу услуби муосири миллӣ бунёдшуда хеле писанд омад. Чунин изҳори назар намуд хабарнигори бахши арабии «Russia Today» Саргон Ҳадая.
Саргон Ҳадая мегӯяд, ки «қаблан чандин маротиба ба Тоҷикистон омада будам, вале имкон даст надод, ки ба ҷойҳои сайёҳиву таърихии ин давлат сафар кунам. Ният дорам, ки дар оянда бо фароҳам омадани имконият бо дӯстон барои саёҳат ба инҷо биёям».
«Бо ин қадар зебоӣ Тоҷикистонро наметавон дӯст надошт. Мардуми тоҷик хеле меҳмоннавоз аст. Чизи дигаре, ки бароям хеле писанд омад, ин хӯрокҳои тоҷикӣ, махсусан оши палов, сихкабоб ва шӯрбо мебошанд. Ошпазҳои тоҷик маҳорати баланд доранд, маззаи оши палав дар Душанбе бароям фаромӯшношуданист», — гуфт хабарнигори бахши арабии «Russia Today».
Саргон Ҳадая ба роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон барои омодагии ҳамаҷониба ба чорабиниҳои байналмилалӣ изҳори миннатдорӣ намуда, афзуд, ки ҷониби Тоҷикистон барои инъикоси ҳамаҷонибаи Саммити «Осиёи Марказӣ — Русия», ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар сатҳи олӣ омодагӣ дидааст. Махсусан толори маркази матбуот, ки дар он тамоми шароит барои инъикоси ин чорабиниҳо муҳайё карда шудааст, гувоҳи ин гуфтаҳост.
Ёдовар мешавем, ки 9–10 октябри соли 2025 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе якчанд чорабинии муҳими сатҳи баланди байналмилалӣ: Саммити роҳбарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия», ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд.
Дар ин чорабиниҳо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов ва Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок менамоянд.
Роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи байналмилалӣ, аз қабили амнияти минтақавӣ ва глобалиро баррасӣ хоҳанд кард. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи гуфтугӯи сиёсӣ, тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дода мешавад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Миср ду китоб оид ба Тоҷикистон ба забони арабӣ ба нашр расид
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Умон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони бурунмарзии муқими Русия вохӯрӣ намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон бо директори Дафтари лоиҳавии Маркази минтақавии экологӣ барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Дар Теҳрон таҳти унвони «Робиаи Балхӣ: чеҳраи дурахшони назми аҳди Сомониён» ҳамоиши илмӣ доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҳафтаи ҷаҳонии оби Стокголм иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди Амрико мулоқот намуд
Дар Қоҳира бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон конфронс баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Директори генералии Вазорати федералии иқтисод ва энергетикаи Олмон мулоқот намуд
Дар Москва дар мавзуи саҳми Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб конфронси байналмилалии илмӣ доир шуд






