«ХАТЛОН ИНВЕСТ-2025». Дар ин форуми байналмилалӣ имконияту иқтидори сармоягузории вилояти Хатлон муаррифӣ мегардад

Октябрь 29, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 29.10.2025/АМИТ «Ховар»/. 11-12 ноябри соли равон маркази маъмурии вилояти Хатлон –шаҳри Бохтар мизбони Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тавре сардори Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониториниги Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Фирӯз Ғоибназарзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар форум шарикони рушд, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, роҳбарони минтақаҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Чин, Туркия ва доираи васеи соҳибкорони ватанию хориҷӣ иштирок менамоянд.

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» дар ду панел — «Сармоягузорӣ барои рушди устувори минтақаҳо: имкониятҳои рақамикунонӣ, шарикӣ бо бахши хусусӣ ва табдили вилояти Хатлон ба маркази иқтисоди муосир» ва «Аз замин то бозор- рушди занҷираи арзиш дар кишоварзӣ, содирот ва коркарди маҳсулоти маҳалӣ дар вилояти Хатлон» гузаронида мешавад.

Дар ин машварату ҳамоишҳо механизмҳои ҷалби сармоя ба кластерҳои агроиндустриалӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ, рақамикунонӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дар соҳаҳои сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаҳои кӯҳии вилоят, саёҳати экотуризм ва маҳсулоти миллӣ, бренд ва рақамикунонии содирот, инфрасохтори логистикӣ, дастрасӣ ба бозорҳои нав, инчунин ҷалби занону ҷавонон ба занҷираи арзиши кишоварзӣ баррасӣ мегарданд.

Интизор меравад, ки дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест -2025» байни ширкату корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расанд.

Ҳамзамон доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва меҳмонону иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест -2025» бо фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Норак шинос гардида, мавзеъҳои ҷолиби вилояти Хатлонро тамошо менамоянд.

Ҳадафи Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест -2025» муаррифии имкониятҳои сармоягузории вилояти Хатлон, ҷалби сармояи хориҷӣ, хусусан сармояи мустақим ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят, инчунин тақвияти хамкории байниминтақавӣ, дар маҷмуъ баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят ва таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо шарикони рушд мебошад.

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои марбутаи мамлакат гузаронида мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 29, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид