РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба 4 ҳазор мерасад
ДУШАНБЕ, 25.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли 2025 дар ҷумҳурӣ 3936 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 354 адад, коркард 3407 адад, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 103 адад фаъолият намудаанд. 33 фоизи шумораи умумии корхонаҳо ба вилояти Суғд рост меояд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоятҳои Суғд бо 60,4 фоиз ва Хатлон бо 20,4 фоиз афзалият дорад.
Саноат яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ маҳсуб шуда, таъмини рушди он вазифаи афзалиятнок ба шумор меравад. Дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойи кор ҳадафи чоруми миллии мамлакат мебошад. Агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи кор фаъолият дошт, пас дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардид. Танҳо соли 2024 740 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд гардид. Дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи кор ташкил карда шудааст.
Дар нуҳ моҳи соли 2025 корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусии мамлакат ба маблағи 47 миллиарду 242,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 бо нархҳои муқоисавӣ 24 фоиз афзудааст.
«Дар ин давра омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷ – 1,6 баробар, саноати коркард – 8,1 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 13,4 фоиз, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 10,5 фоиз ба амал омадааст. Яъне ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар ин давра ба 22,8 миллиард сомонӣ расида, аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷо бо нӯшокиҳо ва тамоку 8,1 миллиард сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 2,3 миллиард сомонӣ, истеҳсоли маҳсулот аз чӯб ва коғаз, фаъолияти табъу нашр 509,9 миллион сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ 35,9 миллион сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ 443,6 миллион сомонӣ, ҳар гуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ 3,1 миллиард сомонӣ, истеҳсолоти металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ 7,2 миллиард сомониро ташкил дод»,- иттилоъ доданд аз Агентии омор.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» қабул ва амалӣ гардидааст. Ҳадафи он ба афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъмини рақобатнокии он, ташкили корхона ва коргоҳҳои нав бо таъсиси ҷойи кор ва ҳалли вазифаҳои иҷтимоии давлат мусоидат намуда, барои гузариши иқтисодиёти мамлакат аз тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ нақши муҳим дорад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 таъкид намуданд, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд беш аз 800 корхонаи саноатӣ бо таъмини беш аз 500 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ 2 баробар зиёд карда шавад. Ҳамзамон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида шуда, содироти он бояд ду баробар афзоиш дода шавад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 4508,71 сомониро ташкил медиҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид






