Имрӯз дар шаҳри Душанбе Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Русия» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 09.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ–Русия» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Барои иштирок дар саммит ба Тоҷикистон президентҳои Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Қирғизистон Садир Жапаров, Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов, Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Русия Владимир Путин ташриф оварданд.
Зимни ҷаласа роҳбарони давлатҳо масоили васеи ҳамкории бисёрҷонибаро баррасӣ менамоянд.
Ҳамчунин ҳамоҳангсозии чорабиниҳо оид ба мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои фаромиллӣ мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.
Аз натиҷаи саммит Баёния ва Нақшаи амалиёти муштарак қабул карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






