Имсол ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 40 ҳазор сайёҳ ворид гардид

Октябрь 11, 2025 09:30

ДУШАНБЕ, 11.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон 41 ҳазору 614 сайёҳ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ду баробар зиёд аст. Даромад аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳон 20,4 миллион сомониро ташкил дод.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нодиртарин ҳунарҳои мардумӣ, анъанаю суннатҳои халқӣ, ҳунарҳои мухталиф ва маҳсули рангоранги дастии занон, либос, анвои таомҳои миллӣ ва ойинҳои зеботарину ҷолибтарин маҳфуз мондаанд, ки барои ҳар меҳмони хориҷӣ қобили таваҷҷуҳ мебошанд.

Рушди босуботи соҳаи сайёҳӣ дар вилоят метавонад ба эҷоди ҷойи нави кор, афзоиши даромади аҳолӣ, муаррифии имконоти табиӣ ва фарҳангии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ва пешбурди иқтисоди «сабз» мусоидат намояд.

Дар замони Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи сайёҳии вилоят имконияти бештар фароҳам овард. Кумакҳои бесобиқа ва маблағҳои зиёде, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳнамоӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат барои Бадахшон ҷудо мешаванд, дар муддати кӯтоҳ симои вилоятро ба куллӣ дигар намуда, шароит ва сатҳи зиндагии мардуми кӯҳистонро баланд бардоштанд.

Қисми зиёди сайёҳоне, ки ба Бадахшон омадаанд, аз Аврупо, Осиё, Амрико ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд. Ин далели он аст, ки ин минтақаи мамлакат барои сайёҳони хориҷӣ хеле ҷолиб мебошад.

Ба ин ҷо асосан нафароне меоянд, ки сайёҳии экологиро меписанданд. Онҳо алоҳида-алоҳида ё ду-сенафара бо дучарха саёҳат мекунанд. Дар баробари ин ҳамасола дар Тоҷикистон Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ баргузор мегардад, ки зимни он кӯҳнавардон аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон ба қуллаҳои баландтарини Бадахшон мебароянд.

Ҳамасола сайёҳону кӯҳнавардони зиёд қуллаҳои Исмоили Сомонӣ, Истиқлолият, Корженевский, Абуалӣ ибни Сино, пиряхҳои Ванҷях, Хирсон, кӯлҳои Қаракӯл, Сарез, Яшилкӯл, Бурункӯл, чашмаҳои шифобахши Ҷелондеҳ, Гармчашма, Авҷ, Бибӣ Фотимаи Заҳро, Модиён, Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мамнуъгоҳи «Зоркӯл» ва Боғи ботаникии Помирро тамошо менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Октябрь 11, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Масоили маблағгузории идомаи сохтмони НБО –и «Роғун» баррасӣ гардид
Блогерони тоҷик ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ андоз супориданд
Зимни баргузории амалиёти назоратӣ дар Рашт 60 кабк ва як яроқи шикорӣ мусодира карда шуд
Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи Бонки Осиёии рушд ба иқтисоди Тоҷикистон муҳокима гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самти рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ густариш меёбад
Масоили коркарди дубора ва ивази мавод барои кам кардани хатари партовҳои пластикӣ баррасӣ гардид
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон оид ба андозаи нави ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ маълумот медиҳад
Дурнамои ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Эрон муҳокима гардид
Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар шаҳри Пензаи Федератсияи Русия талабгори зиёд пайдо намудаанд
Дар Душанбе масъалаҳои марбут ба ҷалби сармояи мустақими Эрон ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ шуданд