Коргардон Аҳмад Аминӣ: «Эрониҳо Тоҷикистонро дӯст медоранду орзуи тамошои манзараҳои нотакрори онро доранд»
ДУШАНБЕ, 18.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Нависанда ва коргардони синамои Ҷумҳурии Исломии Эрон Аҳмад Аминӣ, ки барои иштирок дар Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» ба Тоҷикистон омадааст, дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки мардуми тоҷик бо меҳрубонӣ ва меҳмоннавозии махсус дар ҷаҳон маъруф гаштааст. Ӯ афзуд, ки Тоҷикистон барои эрониҳо давлати дӯсту бародар буда, кишварест, ки бо мардуми он таъриху фарҳанги муштарак доранд. Аз ин ҷост, ки онҳо худро дар Тоҷикистон бегона ҳис намекунанд. Эрониҳо Тоҷикистонро дӯст медоранду орзуи тамошои манзараҳои нотакрори онро доранд.
Нависанда ва коргардони эронӣ Тоҷикистонро барои нахустин сафари хориҷии худ интихоб кардаю аз ин ифтихор дорад.
«Мо, эрониҳо зебо ҳарф мезанем, аммо тоҷикон боз ҳам шевотару зеботар сухан мегӯянд. Забони ширину шево ва ноби тоҷикӣ маро мафтун кардааст, он ба гӯш бисёр форам мерасад, ба руҳу равон оромиш мебахшад. Сабаби асосии Тоҷикистонро ҳамчун аввалин макони сафари хориҷии худ интихоб карданам маҳз ҳамин аст», — гуфт Аҳмад Аминӣ.
Ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» бо вуҷуди навтаъсис будан дар самти рушди синамои миллӣ ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ иқдоми хеле муҳим ва умедбахш аст.
«Ман шоҳид будам, ки чӣ гуна дастаи ташкилкунанди ин ҷашнвора бо ҳисси баланди масъулият ва муҳаббати самимӣ барои шоиста баргузор намудани ин ҷашнвора талош меварзад. Боварӣ дорам, ки ин ҷашнвора дар оянда ба майдони муътабари байналмилалӣ табдил хоҳад ёфт», — афзуд ҳамсуҳбати мо.
Аҳмад Аминӣ мегӯяд, ки бо вуҷуди шиносоии нокофии ҷомеаи Эрон бо синамои тоҷик филмҳои алоҳидаи коргардонони шинохтаи тоҷик, аз қабили «Шоҳнома»-и Борис Кимёгаров дар байни тамошобинони эронӣ маҳбубияти хосса доранд.
«Мо дар Эрон филми «Шоҳнома»-ро зиёд тамошо мекунем, зеро он дар шабакаҳои телевизионӣ такроран намоиш дода мешавад. Ман боварӣ дорам, ки Тоҷикистон филмҳои арзишманди зиёд дорад. Давоми чанд рӯзе, ки дар Тоҷкистон ҳастам, чанд филми тоҷикиро тамошо кардам, ки қобили қабули бинанда мебошанд», — изҳор дошт коргардони эронӣ.
Ба назари ҳамсуҳбати мо, робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва забонии ду миллат омилҳои муҳими наздикшавии ду давлат ба шумор мераванд.
Ёдовар мешавем, ки Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» дар ду сол як маротиба баргузор мешавад. Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» соли 2023 доир шуда буд. Имсол ин ҷашнвора 15 октябр оғоз гардида, то 20 октябр идома меёбад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Соли 2025 — соли афзоиши устувори истифодабарандагон ва тақвияти нуфузи АМИТ «Ховар» дар фазои рақамӣ






