Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маорифи Русия Ёддошти тафоҳум ба имзо расонд

Октябрь 10, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 10.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 9 октябр дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Русия 16 санади нави ҳамкории байнидавлатию байниҳукуматӣ табодул карда шуданд. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, таълими касбии дахлдори иловагӣ ва таълими касбӣ ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз  Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин Ёддошти тафоҳум ҳамкории тарафҳоро дар бар мегирад. Он ба муттаҳид намудани саъю кӯшишҳои муштарак бо мақсади рушди муносибатҳои шарикии иҷтимоӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, таҳсилоти иловагии касбии дахлдор ва таҳсилоти касбӣ аз рӯйи касбу ихтисосҳои серталаб, нав ва ояндадор равона шудааст.

Ёддошти тафоҳум ба таҳия ва амалӣ намудани барномаҳо, лоиҳаҳо ва чорабиниҳои муштарак бо мақсади мусоидат ба ҳамкорӣ, ҳамчунин табодули таҷриба ва маълумот оид ба масъалаҳое, ки ба танзими ҳуқуқӣ ва меъёрии таҳсилоти касбӣ марбутанд, инчунин  иштирок дар барномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи мубодилаи таълимгирандагон, кадрҳои омӯзгории соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, таҳсилоти иловагии касбии дахлдор ва таҳсилоти касбӣ мусоидат менамояд.

Ин санад ба табодули дуҷонибаи ҳайатҳои коршиносон, тренерон, таълимгирандагон, омӯзгорон ва дигар кормандони ташкилоти таълимие, ки барномаҳои таълимиро амалӣ мекунанд, аз ҷумла дар доираи табодули байналмилалии академӣ мусоидат мекунад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 10, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид