«ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид

Октябрь 31, 2025 10:20

ДУШАНБЕ, 31.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр дар шаҳри Норак бо иштироки занону духтарони фаъол даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Либоси миллӣ – нишони тамаддун ва фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар доданд.

Фестивали ҷумҳуриявии «Либоси миллӣ – нишони тамаддун ва фарҳанги миллӣ» бо мақсади арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ, расму оинҳои миллию мардумӣ ва  тақвияти ҳисси зебоишиносии ҷавонон гузаронида шуд.

Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат буда, ҳамчун ёдгории беназир аз гузаштагон дар тӯли қарнҳо ҷаззобияту зебогиашро аз даст надодааст. Зан – модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, навъҳои гуногуни либосҳои миллиро дар ҷаҳон муаррифӣ намудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳо вобаста ба ҳувияти миллӣ ва дигар арзишҳои миллат суханронӣ намуда, ба занони ҷумҳурӣ чунин муроҷиат намуда буданд: «Мо бояд сидқан, фақат бо забон не, аз сидқи дил Ватанамонро дӯст дорем. Забону фарҳанги худро, анъанаҳои миллии худро дӯст дорем. Сару либосҳои миллиамонро дӯст дорем. Дӯстони азиз, модарону хоҳарони меҳрубон, бинед, чӣ хел рангоранг, чӣ қадар зебоянд либосҳои миллии мо. Бе ҳамин ҳам мардуми ориёитабор, мо – тоҷикон мардуми зебо ҳастем. Лекин либосҳои миллӣ моро боз ҳам зеботар мекунанд. Бас кунед,  бегонапарастиро!»

Арҷгузорӣ ба фарҳангу анъанаҳои миллии тоҷикӣ, хусусан эҳёи либоси миллӣ — атласу адрас ва чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва коҳиши майли бегонапарастӣ аз ҳадафҳои асосии иқдоми«Либоси миллӣ – нишони тамаддун ва фарҳанги миллӣ» мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Октябрь 31, 2025 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад