Лоиҳаи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе барои солҳои 2026–2030» муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 22.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд ва коршиносони соҳавӣ ҷаласа оид ба муаррифӣ ва баррасии лоиҳаи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе барои солҳои 2026-2030» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар ҷаласа муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи ҳадафу афзалияти мамлакат сухан гуфт. Ҳамзамон зарурати тақвияти ҳамкорӣ бо ҷонибҳои дахлдор барои такмили лоиҳаи ин барнома таъкид карда шуд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода оид ба лоиҳаи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе барои солҳои 2026-2030» ибрози назар намуда, ҳадафу афзалияти рушд, аз ҷумла рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, рушди иқтисодӣ дар асоси навоварӣ, рушди сармояи инсонӣ ва дигар самтҳоро шарҳ дод.
Дар анҷоми ҷаласа фикру пешниҳодҳо ҷамъбаст гардида, қадамҳои минбаъдаи таҳияи лоиҳаи ниҳоии «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе барои солҳои 2026-2030 ва нақшаи чорабиниҳои татбиқи он муайян карда шуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид






