«Моҳӣ дар шаст» дар Кинофестивали байналмилалии Исфаҳон соҳиби нахустин ҷоизаи байналмилалӣ гардид
ДУШАНБЕ, 09.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр филми ҳунарии муштараки Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», «Довфилм» ва ширкатҳои маъруфи эронии «IFilm» ва «30CUP» «Моҳӣ дар шаст» дар маросими ҷамъбасти Кинофестивали 37-уми байналмилалии кӯдакон ва наврасони Исфаҳон дар номинатсияи филмҳои ҳунарии пурраметражи байналмилалӣ «Ҷоизаи хоссаи котиби фестивал»-ро ба даст овард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти «Довфилм» хабар доданд, «Ҷоизаи хосса»-и Кинофестивали 37-уми байналмилалии Исфаҳон нахустин ҷоизаи байналмилалии филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» мебошад.
Кинофестивали байналмилалии наврасону кӯдакони Исфаҳон аз соли 1982 доир гардида, дар он филмҳои беҳтарини дунё намоиш дода мешаванд.
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» истеҳсоли муштараки Тоҷикистону Эрон буда, соли 2024 дар қаламрави Тоҷикистон наворбардорӣ гардидааст. Филм соли 2024 дар Синамоҷашнвораи миллии Душанбе — «Тоҷи Сомон» Шоҳҷоиза ба даст овард.
Дар назар аст, ки нахустнамоиши филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Тоҷикистон рӯзҳои наздик дар доираи Синамоҷашвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» намоиш дода шавад.
Ёдовар мешавем, ки ин филм аз рӯзгори Далер ном тарбиятгирандаи мактаб-интернат, ки дар суроғи модараш ба сафари тӯлонӣ мебарояд, қисса мекунад.
Коргардон ва таҳиягари филм Муҳиддини Музаффар буда, филмномаро Бахтиёр Каримов навиштааст. Филм пурра дар пасманзари табиати зебои Тоҷикистон сабт гардида, дар нақшҳои марказӣ Хуршед Мустафоев, Сайёра Сафарӣ, Абдулло Абдураҳимзода, Шаҳло Раҳимӣ, Исфандиёр Ғуломов, Моҳпайкар Ёрова, Асалбек Назриев ва Асланшо Раҳматуллоев ҳунарнамоӣ намудаанд.
АКС: Хадамоти матбуоти «Довфилм»








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






