Муҳиддин Асадуллоев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон дар Перу сазовори медали тилло гардид
ДУШАНБЕ, 07.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони тоҷик Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон дар шаҳри Лимаи Перу сазовори медали тилло гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар финали мусобиқа Муҳиддин Асадуллоев бар ҷудочӣ Рюсей Аракава ғалаба кард.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 Муҳиддин дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон дар шаҳри Душанбе соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Дар мусобиқа 463 ҷудочӣ (245 писар, 218 духтар) аз 65 давлати ҷаҳон иштирок доранд.
Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 4 ҷудочӣ иштирок доранд. Икром Шамсов дар вазни 60 кг, Ёсин Бобокалонов дар вазни 66 кг, Эҳсон Сафарзода дар вазни 66 кг ва Муҳиддин Асадуллоев дар вазни 73 кг намояндаҳои Тоҷикистон дар ин мусобиқа мебошанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






