НАМУНАИ ИБРАТ. Дар Спитамен се даъватшаванда аз як оила ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пайвастанд

Октябрь 15, 2025 15:15

ДУШАНБЕ, 15.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамарӯза ҷавонони зиёд ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зисти хеш ҳозир гардида, барои иҷрои рисолати бузурги ватандӯстӣ ва ҳифзи Ватан изҳори омодагӣ менамоянд. Намунаи барҷастаи ин амали нек ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пайвастани се даъватшаванда аз як оила дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мебошад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аз даъват ва ҷараёни хизмати ҳарбии ин се нафар аллакай ду ҳафта сипарӣ гардидааст. Дар ин давра бо дастури Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода гурӯҳи эҷодии маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиа дар якҷоягӣ бо намояндагони Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд тасмим гирифтанд, ки бо падару модари Ҳасан, Ҳусейн ва Абдуқодир Абдуқодировҳо аз наздик шинос шуда, рӯзгори пурнишоту пурифтихори ин оилаи хушбахту сарфарозро инъикос намоянд.

Воқеан, тарбия аз оила оғоз гардида, дар муҳити солими ҷомеа боз ҳам такмил меёбад. Аз суҳбати падару модар, пайвандону наздикон ва ҳамсояҳо, ки гурӯҳи эҷодиро дар хонаи Абдуқодировҳо ҳамроҳӣ доштанд, маълум буд, ки онҳо фарзандони худро дар руҳияи меҳнатдӯстӣ, эҳтироми байниҳамдигарӣ, дӯст доштану хизмат кардан ба халқу Ватан тарбия намуда, муқаддас шуморидану гиромӣ доштани ин марзи аҷдодиро меомӯзонанд. Маҳз тарбияи хуб ва дар руҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ ба камол расонидани фарзанд мебошад, ки имрӯз падру модар бо сари баланд ва ифтихори бузург ҳарф мезананд.

Ин оилаи хушбахту намуна барои аҳли ҷомеа дар деҳаи Саидқалъаи Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен умр ба сар мебарад. Рӯзгори аҳлонаву шарафмандона доранд ва ин ташаббуси неку оқилонаашон дар пайи тарбияи хуби оилавӣ боз ҳам намунаи олии ватандӯстӣ ва пайравӣ аз сиёсати сулҳпарваронаю ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №14-и ноҳияи Спитамен имсол Ҳасан ва Ҳусейн бо маслиҳати падару модар тасмим мегиранд, ки аввал хизмати ҳарбиро ба ҷо оранд ва баъдан ба яке аз муассисаҳои олии касбии мамлакат дохил гардида, соҳибмаълумот шаванд. Абдуқодир соҳиби маълумоти касбӣ аст. Амали ӯ воқеан сутуданист. Зеро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан хост ҳамроҳу ҳамсафар ва ҳамхизмати бародаронаш бошад.

Ҳамин тавр, пас аз маслиҳату машварати падару модар се бародари хуштолеъ бо тартиби муқарраргардида ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Спитамен даъват карда мешаванд.

Бо ҳозир гардидан ба комиссариати ҳарбӣ онҳо ҳамаҷониба аз омӯзиши пешакӣ ва комиссияи тиббии ноҳиявӣ гузашта, ба нуқтаи ҷамъшавии вилоятӣ ҳозир мегарданд ва баъд аз омӯзишу санҷиши ҳамаҷониба аз ҷониби комиссияи даъватии вилоятӣ хоҳиши даъватшавандагон Абдуқодировҳо дар бораи дар як қисми ҳарбӣ хизмат намуданашон қонеъ гардонида мешавад. Онҳо барои ба ҷо овардани хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба сафи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ карда мешаванд.

Бо пайвастан ба қисми низомӣ се бародари навдаъват номи наваскарро гирифтаанд. Чун либоси ифтихорбори низомӣ бар тан доранд, онҳо дарсу машғулияти ибтидоии ҳарбиро азхуд менамоянд ва пас аз ёд намудани савганди ҳарбӣ дар оянда ҳамчун муҳофизони ҳақиқӣ ба Ватан-Модар содиқона хизмат менамоянд.

Он рӯз хонаводаи Абдуқодировҳо барои дидани фарзандон ба қисми ҳарбии Гвардияи миллӣ дар гарнизони Суғд омаданд. Волидайни сарбозон меҳмони ифтихории қисми ҳарбӣ буданд. Роҳбарият ва ҳама ҳайати шахсӣ ба падару модар барои чунин тарбияи хуб ва дар роҳи мардонагӣ таълим додани фарзандон аҳсан мехонданд.

Баъд аз зиёфати сарбозӣ аҳли хонаводаи Абдуқодировҳо бо роҳнамоии афсари самти корҳои сиёсӣ — тарбиявӣ бо ҳудуд ва атрофи қисми ҳарбӣ шинос гардида, ҷойи хизмат, шароити буду бош, хобгоҳу ошхонаи сарбозӣ ва дигар шароиту имконияти барои хизмати ҳарбии фарзандони сарбозашон пешбинигардидаро диданд.

Бояд гуфт, ки маъракаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон идома дорад. То ин муддат иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ 78 фоизро дар бар гирифта, қариб 30 шаҳру ноҳия аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 15, 2025 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва нишасти сездаҳуми котибони Шурои амнияти кишварҳои ИДМ баргузор шуд
Дар мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Конститутсия ҳамоиши илмӣ – маърифатӣ доир шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон: «Новобаста аз боридани барф дар минтақаҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ кушода аст»
Дар шаҳри Гулистон масъалаи бехатарии радиатсионӣ ва идоракунии партовҳои радиоактивӣ баррасӣ гардид
Мақомоти корҳои дохилии Душанбе ҳамкориро бо Департаменти бехатарии шаҳри Нанкини Чин тақвият мебахшад
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент озмун эълон менамояд
Дар Шуғнон бо мақсади пешгирӣ аз омилҳои номатлуб бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон вохӯрӣ доир гардид
95 ҲОДИСАИ НОХУШИ НАҚЛИЁТӢ ДАР ДУШАНБЕ. Пиёдагардон низ мисли ронандагон ҷарима карда шаванд
Намояндаи Тоҷикистон дар нишасти роҳбарони ниҳодҳои миллии зиддимухадиротии кишварҳои Аврупо дар Вена иштирок дорад
Дар Теҳрон ҷаласаи 4-уми вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир гардид
ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲРО РИОЯ НАМОЕД! Дар нуҳ моҳ дар Тоҷикистон 999 ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст
Машқҳои ҳарбии муштараки «Бародарии шикастнопазир-2025», «Монеа-2025» ва «Иттиҳоди зиддитеррористӣ-2025» анҷом ёфтанд