ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. ҶСК «Ангишти Камароб» муассисаҳои буҷавии ноҳияҳои Рашту Тоҷикободро бо ангишти хушсифат таъмин намуд

Октябрь 30, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 30.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» соли равон барои давраи зимистонгузаронӣ муассисаҳои буҷавии ноҳияи Раштро бо 2314 тонна ва сохторҳои буҷавии ноҳияи Тоҷикободро бо беш аз 973 тонна ангишти хушсифат таъмин намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» иттилоъ доданд.

Инчунин Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» нақша дорад, ки то оғоз гардидани мавсими сармо сокинони ин минтақаи мамлакатро бо ангишт пурра таъмин намоянд. Айни замон бо мусоид омадани боду ҳаво кормандон нақшаи истихроҷи ангиштро бештар намоянд. Ин кони ангишти «Камароб» дар баландии беш аз 3500 метр, дар дараи Камароби ноҳияи Рашт воқеъ мебошад.

Ангишт арзишҳои энергетикӣ дошта, яке аз захираҳои муҳими табиӣ ба шумор меравад. Бозори ҷаҳонии ангишт нисбат ба нафт ва газ рақобати зиёд дорад, зеро конҳои ангишт дар тамоми қитъаҳои олам мавҷуд ва дар ҳамаи минтақаҳои гуногуни ҷаҳон истихроҷ мегарданд.

Ба иттилои масъулини «Ангишти Камароб» сол то сол эҳтиёҷоти соҳаҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ба ангишт ҳамчун манбаи асосии тавлиди энергия бештар гардидааст. Барои таъмини эҳтиёҷоти сокинони мамлакат мо раванди истихроҷи ангиштро бо риояи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қоидаҳо ва тартиботи соҳавии технологияи истихроҷу коркард ва бо истифода аз техникаю технологияҳои муосир ва ҷалби мутахассисони соҳавӣ ба роҳ мондаем.

Соҳаи саноати ангишт яке аз самтҳои афзалиятноки саноатикунонии босуръати иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, истифодаи самараноки захираҳои фаровони он метавонад дар як муҳлати кӯтоҳ барои пешрафти соҳаи саноати ҷумҳурӣ нақши сазовор гузорад. Ангишт яке аз манбаъҳои алтернативии энергия буда, дар аксар мавридҳо корхонаҳои саноатӣ дар раванди истеҳсолӣ ангиштро истифода менамоянд. Дар Тоҷикистон асосан се намуди ангишт — ангишти коксшаванда, антратсит ва бур мавҷуд аст.

Боят тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои стратегии миллиро амалӣ менамояд, ки яке аз онҳо ба даст овардани истиқлолияти энергетикии мамлакат мебошад. Дар ин кор саноати ангишти Тоҷикистон метавонад нақши муҳим гузорад, зеро ангишт дар шароити ҷумҳурии мо ашёи хоми нисбатан арзон аст.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» имконият дорад, ки сохторҳои буҷетии ноҳияҳои Сангвору Нуробод ва Лахшро бо ангишти хушсифат таъмин намояд. Дар сурати муроҷиат намудани масъулини ин ноҳияҳо «Ангишти Камароб» бо сохторҳои буҷетӣ шартнома баста, онҳоро сари вақт бо ангишти хушсифат таъмин менамояд.

АКС: Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб»

Октябрь 30, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид