Пагоҳ ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода иттилоъ дод.
Султон Раҳимзода афзуд, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Қатар дар соҳаҳои гуногун, хусусан иқтисоду тиҷорат беш аз пеш густариш меёбад. Қатар яке аз сармоягузороне аст, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад ва дар ин зимн таваҷҷуҳи зиёд дорад. Иштироки Вазири давлатии Қатар дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» шаҳодати он аст, ки Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи сармоягузорони ин кишвари арабӣ қарор дорад.
«Бо сармоягузории Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе бузургтарин масҷид бунёд гардид, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад. Инчунин дар ҳамкорӣ бо Давлати Қатар дар Душанбе лоиҳаи “Диёри Қатар” татбиқ мегардад. Имрӯз фурсат даст дод, ки бо ҷониби қатарӣ Пртоколи дуҷониба оид ба ворид гардидани иловаҳо ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба татбиқи лоиҳаи “Диёри Қатар” ба имзо расонем. Ин қадами муассир дар рушди ҳамкории ду давлат арзёбӣ мегардад»,- афзуд Султон Раҳимзода.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






