Пешрафти Тоҷикистон тибқи чор самти афзалиятноки Барномаи ОИС-2025 дар Форуми бонкҳои марказии СҲИ арзёбӣ гардид

Октябрь 1, 2025 15:07

ДУШАНБЕ, 01.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми даҳ соли охир, сарфи назар аз номуайяниҳои молиявӣ ва фазои мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳон уҳдадории худро дар самти рушди фарогиру устувор ва суботи иҷтимоӣ нигоҳ дошта, дар пешбурди самтҳои афзалиятноки Барномаи Созмони Ҳамкории Исломӣ /ОИС/ -2025 ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ин нуктаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар ҷаласаи 7-уми Форуми бонкҳои марказии Кумитаи доимамалкунанда оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони Ҳамкории Исломӣ (OIC-COMCEC), ки 28–29 сентябр дар шаҳри Истанбули Туркия доир гардид, зимни суханронӣ дар мавзуи «Арзёбии пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи чор самти афзалиятноки Барномаи ОИС-2025» баён намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон афзуд, ки сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 32 то 20,4 фоиз коҳиш ёфта, музди миёнаи моҳона якчанд маротиба зиёд гардид. Дар бахши молия дороиҳои бонкӣ қариб се маротиба зиёд шуда, сатҳи қарзҳои ғайрифаъол ба таври назаррас коҳиш ёфт. Дастовардҳои муҳим ҳамчунин дар самти рақамисозӣ ба қайд гирифта шуданд: шумораи муштариёни мобилӣ ва интернетӣ дар даҳ соли охир даҳҳо маротиба афзуда, ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ ба миллиардҳо доллари амрикоӣ расид. Ин раванд барои аҳолӣ ва соҳибкорон имконияти нави молиявӣ фароҳам овард ва ба рушди иқтисоди рақамӣ замина гузошт.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз намуд, ки Тоҷикистон пайваста ба принсипҳои рушди фарогир ва суботи иҷтимоӣ такя карда, ҷонибдори таҳкими ҳамбастагии минтақавӣ ва ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ мебошад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Октябрь 1, 2025 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид