«ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ». Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Октябрь 3, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 03.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди забони давлатӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, дар кори конференсия  олимону донишмандон ва забоншиносон масъалаҳои муҳими рушди забони давлатӣ, нақши Пешвои миллат дар таҳкими забони тоҷикӣ, таърихи забони миллӣ ва аҳамияти он ҳамчун рукни асосии бақои миллатро баррасӣ намуданд.

Иштирокдорони конференсия ҳамчунин дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ барои ҳифз ва густариши забони тоҷикӣ, ҳамкории муассисаҳои илмӣ дар ин самт ва нақши забонро  дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ муҳокима намуданд.

Иброз гардид, ки забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба сифати забони давлатӣ, балки ба ҳайси забони илму фарҳанг ҳам амал намуда истодааст. Имрӯз ба ин забон асарҳои зиёди илмӣ таълиф гардида, аз забонҳои дигар ҳам асарҳои илмию техникӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума мешаванд.

Таъкид гардид, ки чунин мақоми баланд ва аҳаммияти иҷтимоии забони тоҷикӣ моро водор месозад, ки ба таълиму омӯзиш, таҳқиқ ва истифодаи шоистаи забони тоҷикӣ бо як муҳаббати бепоёну масъулияти баланд муносибат намоем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо баён доштанд, ки: «Барои озодона бо забони адабии тоҷикӣ сухан гуфтану суҳбат карда тавонистан, бояд ҳар як зиёии тоҷик на танҳо кӯшиш намояд, балки ба дигарон намунаи ибрат бошад».

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллии забониро аз вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии худ барои насли имрӯзу фардои ҷомеа меҳисобад.  Моро зарур аст, ки  дар рушду густариши забони давлатиамон чӣ дар дохил ва чӣ хориҷ камари ҳиммат баста, кору иқдомоти марбут ба ин масъалаҳоро мунтазам дар тамоми қишри ҷомеа амалӣ намоем.

Иттилоъ дода шуд, ки кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар тамоми раванди рушди забони тоҷикӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар пайи амалӣ сохтани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат фаъолиятҳои босамар ва пажуҳишҳои назаррасе анҷом додааст. Заминаҳои илмиро барои омӯзиш ва таълими забони тоҷикӣ фароҳам оварда, бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкориҳои илмии судмандеро ба роҳ мондаанд.

Натиҷаи кори олимону забоншиносон дар таҳияи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», таҳияи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», лоиҳаи «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд.

Забон яке аз муҳимтарин пояҳои ҳастии миллӣ ва нишонаи асили ҳувияти ҳар халқу миллат мебошад. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ на танҳо ҳамчун василаи муошират, балки ҳамчун рамзи миллӣ, ягонагӣ ва худшиносии мардум нақши басо муҳиму калидӣ пайдо кард.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Октябрь 3, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Осорхонаи миллӣ сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Туҳфаи арзандаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Ёвон расид
Дар Вазорати фарҳанг бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Дар Душанбе оид ба саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир шуд
Ба сокинони ноҳияи Данғара туҳфаи Пешвои миллат – «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ такдим мегардад
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихию меъмории нав бозёфт гардиданд
Намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷонро тамошо карданд
Дар Кӯлоб таҳти унвони «Либоси миллӣ — оинаи тамаддун ва ҳуввияти миллӣ» фестивал доир шуд
Дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳраки қадимаи асри миёнагии Хутали қадим — шаҳри Андичароғ бозёфт гардид
«АНДАЛЕБ-2025». Ҳаваскорони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмун гардиданд