Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон ба сармоягузорон зиёда аз 240 номгӯй кафолат ва имтиёзҳои гуногун пешниҳод менамояд»

Октябрь 14, 2025 11:05

ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ташкили фазои мусоиди соҳибкорӣ пайваста чораҷӯйӣ менамояд. Имрӯз мо ба сармоягузорон зиёда аз 240 номгӯй кафолат ва имтиёзҳои гуногунро пешниҳод менамоем, ки зиёда аз 110 номгӯйи онҳо имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ мебошанд. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025»  ибрози андеша намуданд.

Пешвои миллат изҳор намуданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ амал мекунад, ки ба соҳибкорон барои рушди муваффақонаи тиҷорат шароиту имкониятҳои васеъ пешниҳод менамоянд.

«Соли ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоя ва мусоидат ба фаъолияти сармоягузорӣ» ва Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040-ро қабул намудем. Ин санадҳо заминаи боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам оварда, соҳаҳои афзалиятнокро барои сармоягузорон муайян ва кафолати ҳифзи сармоягузоронро таъмин менамоянд»,-иброз доштанд Сарвари давлат.

Бояд гуфт, ки ҳадафи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» муаррифии имконоти сармоягузории «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025»  ҳамчунин ба ҷалби таваҷҷуҳи роҳбарони ширкатҳои сармоягузори бонуфузи хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва ширкатҳои ҳавасманд барои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон ва минтақа, фароҳам овардани имконият барои рушди иқтисоди рақамӣ, таҳкими ҳамкории минтақавию байналмилалӣ ва дарёфти шарикони нав барои татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат менамояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 АКС аз манбаъҳои боз 

Октябрь 14, 2025 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад