ПУЛИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ. Имрӯз аз ба муомилот баровардани пули миллӣ — сомонӣ 25 сол сипарӣ шуд

Октябрь 30, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 30.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 30 октябри соли 2025 аз ба муомилот баровардани пули миллӣ — сомонӣ 25 сол сипарӣ шуд. 26 октябри соли 2000 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани пули миллии сомонӣ» содир гардид ва 30 октябри соли 2000 воҳиди нави пули миллӣ — «сомонӣ», ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, ба муомилот бароварда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ додланд, пули миллӣ барои ҳар як давлати мустақил на танҳо воситаи муомилоти иқтисодӣ, балки рамзи аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ соҳибистиқлол будани он маҳсуб меёбад. Барои миллати тоҷик пули миллии сомонӣ нишонаи бозгашт ба давлатдории таърихӣ, ифтихори миллӣ ва обрӯю эътибори давлату миллат мебошад.​

Пули миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии истиқлол ва нишонаҳои возеҳи мустақилият дар истиқрори давлатдорӣ нақши муҳим дорад. Ба муомилот баровардани пули миллӣ на танҳо падидаи иқтисодӣ, балки рӯйдоди маънавию фарҳангӣ низ буд. Номгузории пул ба номи Исмоили Сомонӣ, ҷойгиркунии тасвири арбобони бузурги гузашта ва муосири халқи тоҷик, ҳамчунин ёдгориҳои меъморӣ ва таърихӣ дар асъори миллӣ пайванди замони мо бо таърихи ҳазорсолаи миллатро баён мекунад.​

Ин рамзҳо бо забон, эътиқод, арзишҳо ва меъёрҳои миллӣ алоқаманд буда, бахши муҳимми фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд. Таҷассусми симои қаҳрамонони миллат, ҷойҳои таърихӣ ва нигораҳо дар пули миллӣ ифодаи рамзии ифтихор аз ватандорӣ, хештаншиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошанд.​ Пули миллӣ рамзе гардид, ки мафҳуми давлатдорӣ, истиқлол ва ҳувияти миллиро фаро гирифта, ба насли оянда паёми таърихӣ мерасонад.​

Таъмини рушди иқтисодиёти ҳар кишвар ба устувории пули миллӣ ва фаъолияти бонкӣ иртиботи ногусастанӣ дорад. Имрӯз пули миллӣ — сомонӣ ҳамчун рамзи истиқлолияти иқтисодӣ, имкон медиҳад, ки кишвар сиёсати мустақили пулию қарзӣ дошта бошад, нархҳои дохилиро танзим намояд ва дар роҳи рушди устувори иқтисодӣ қадам монад. Бисёр рамзист, ки пули миллӣ дар остонаи асри XXI баъди 1000 соли давлатдории миллии тоҷикон — Сомониён ба муомилот бароварда шуд.

Бо гузашти вақт пули миллӣ чун ифодагари соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти Тоҷикистон мақоми худро ҳифз намуд. Имрӯз пули миллӣ — сомонӣ на танҳо воситаи муомилот, балки рамзи давлатдорӣ, истиқлолияти иқтисодӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Бо ҷорӣ намудани пули миллӣ миллати тоҷик собит кард, ки қодир аст давлати мустақил дошта бошад, иқтисоди худро танзим намояд ва дар арсаи байналмилалӣ мақоми худро соҳиб шавад.​ Дар маҷмӯъ пули миллӣ сарвати миллӣ, обрӯю эътибори миллат буда, рамзи давлатдорӣ, ягонагӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.​

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Октябрь 30, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад