РӮЗИ КИШОВАРЗОНИ ТОҶИКИСТОН. Таъмини амнияти озуқаворӣ ҳадафи асосии кишоварзон аст

Октябрь 15, 2025 09:34

ДУШАНБЕ, 15.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кишоварзон дониста мешавад. Тибқи Қарори Ҳукумати мамлакат аз 5 августи соли 2009 қаблан дар мамлакат Рӯзи кишоварзон 8 октябр таҷлил мегардид. Тибқи тағйиру иловаҳое, ки соли 2018 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид гардид, Рӯзи кишоварзон ба 15 октябр гузаронида шуд.

Тоҷикистон дорои иқлими мусоид, заминҳои ҳосилхез ва захираҳои оби фаровон мебошад, ки дар рушди соҳаи кишоварзӣ заминаи воқеӣ мегузоранд. Рушди соҳаи кишоварзӣ ба таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии мамлакат бо маводи хӯрокворӣ тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ соҳаи кишоварзӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Сарвари давлат 14 октябр зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» баён намуданд, ки «Тоҷикистон дорои ҳамагӣ 1 миллион гектар замини корам ва боғҳо аст, ки аз он 712 ҳазор гектар замини обӣ мебошад».

Тибқи таҳлили коршиносон, соли 2025 дар дунё соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳо пешгӯйӣ шудааст. Чунин омилҳо боиси мушкил шудани таъминоти аҳолии ҷаҳон бо озуқаворӣ мегардад. Равандҳои мазкур ба мамлакати мо низ бетаъсир нестанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030»-ро тасдиқ намуд. Ҳадафи ин ҳуҷҷат давоми панҷ сол бо маҳсулоти асосии ғизоӣ пурра таъмин намудани аҳолии мамлакат мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ чӣ тадбир меандешад?

Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» итттилоъ доданд, барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳамеша чораҳои муназзам ва дарозмуддат амалӣ мегарданд. 1 июли соли 2025 «Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид. Барнома бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат, беҳтар кардани дастрасӣ ба озуқаворӣ, оқилона истифода бурдани захираҳои озуқаворӣ ва баланд бардоштани устувории таъминоти он, инчунин амалишавии ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» таҳия гардидааст.

Вазифаи «Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баланд бардоштани сатҳи мавҷудияти озуқаворӣ барои тамоми аҳолӣ, аз ҷумла истеҳсол, тақсимот ва мубодила бо роҳи мусоидат ба афзунгардони истеҳсолот, ҳосилнокӣ, нигоҳдорӣ, такмил додани технологияҳо барои самаранок истифода бурдани захираҳои мавҷуда мебошад. Инчунин беҳтар кардани истеъмоли молҳои ғизо, яъне истеъмоли кофӣ ва бехатар ба таъмини мубодилаи солими моддаҳо ва баланд бардоштани устувории таъминоти озуқаворӣ ҳамчун роҳи тадриҷан ба даст овардани он равона карда шудааст.

Кишоварзони мамлакат барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд ва барои кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ чораҳоро амалӣ менамоянд. Инчунин тамоми имконияту захираҳои мавҷударо дар ин самт пурра ва самаранок истифода менамоянд.

Татбиқи самараноки лоиҳаҳо барои рушди соҳаи кишоварзӣ

Барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа дар шаш моҳи соли 2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ бо истифода аз тухмиҳои беҳтар, техника ва обёрии самаранок қабул ва мавриди амал қарор гирифтааст. Андешидани тадбирҳои судманд ба он мусоидат намуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2025 мувофиқи маълумоти оморӣ, дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 23853,8 миллион сомониро ташкил дод. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 9,7 фоиз ё 2109,7 миллион сомонӣ зиёд шуда, дар муқоиса бо суръати рушди ҳамин давраи соли 2024 0,1 банди фоиз зиёд мебошад.

Барои рушди соҳаи кишоварзӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ тавассути Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» ва Лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» лоиҳаҳои «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+» ва «Таъмини воситаҳо барои зиндагии устувор ва тавонмандсозии занони деҳот» амалӣ карда мешаванд. Татбиқи самараноки лоиҳаҳо таҳти назорати доимии вазорат қарор дорад.

Кишти маҳсулоти кишоварзӣ васеъ мегардад

Яке аз супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024- ин азхудкунии заминҳои нави кишоварзӣ бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат мебошад.

Коршиноси Вазорати кишоварзӣ Баҳодур Назаров иброз намуд, ки дар мамлакат 861 ҳазор гектар замини кишоварзӣ мавҷуд аст. Дар он вобаста ба талаботи бозори истеъмолӣ навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ кишт мешаванд. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон нақша дорад, ки майдони замини корамро ба 1,5 миллион гектар расонад.

— Дар ҷумҳурӣ имкони зиёд намудани заминҳои кишт мавҷуд аст. Заминҳои кишт аз ҳисоби заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда тавассути обмонӣ зиёд карда мешаванд. Тибқи барномаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон татбиқ мегарданд, ҳар сол майдони заминҳои кишт зиёд карда мешавад. Яке аз омилҳои асосии афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ- ин самаранок истифода бурдани заминҳои таъйиноти кишоварзӣ ба шумор меравад,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба таъкиди Баҳодур Назаров, барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва истифодаи самараноки замин бояд истифодаи фонди замин дар хоҷагиҳои кишоварзӣ беҳтар карда шавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва расидан ба ҳадафи сеюми «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба хотири таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат пайваста тадбир меандешад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2025 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Фаъолияти Раҳима Салимова дар деҳа намунаи ибрат аст
«DUSHANBE INVEST-2025». 26 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 3 миллиард доллар ба имзо расид
Ғолибони Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шуданд
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». 8 санади ҳамкорӣ оид ба рушди инноватсия ва рақамикунонии соҳа ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо UNECE дар соҳаи инноватсия ва иқтисоди рақамӣ тақвият медиҳад
Сарвари давлат: «Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи Тоҷикистон солҳои охир рӯ ба афзоиш дорад»
Дар вилояти Суғд масъалаи насби панелҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дурнамо ва самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Рим ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ шуд
Дар доираи «Душанбе Инвест-2025» мубоҳисаи канории «Маблағгузории иқлим ва бозорҳои карбонӣ» баргузор гардид
Баҳодур Шерализода ва Татяна Молчан Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологиро баррасӣ намуданд