Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар Туркманистон таҷлил гардид

Октябрь 6, 2025 15:44

ДУШАНБЕ, 06.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон иттилоъ доданд, дар ҳамоиш масъалаи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба забони модарӣ мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор гирифт.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода таъкид намуд, ки мардуми тоҷик Рӯзи забони давлатиро ҳамчун ҷашни муқаддас ва рамзи муҳаббату садоқат ба забони модарӣ таҷлил менамоянд.

Таъкид гардид, ки таърихи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо марҳилаи муҳимми давлатдории миллӣ пайваст буда, забони тоҷикӣ ҳамчун арзиши бузурги фарҳангӣ ва рукни асосии ҳувияти миллӣ мавқеи намоён дорад.

Сафир таъкид кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди забони модарӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, барои таҳкими ҷойгоҳи он дар ҷомеа тадбирҳои муассир андешидаанд.

Дар ҳамоиш дӯстдорони забони тоҷикӣ аз ашъори шоирони классикӣ ва муосир намунаи шеърҳо қироат намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

Октябрь 6, 2025 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд