Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар Туркманистон таҷлил гардид

Октябрь 6, 2025 15:44

ДУШАНБЕ, 06.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон иттилоъ доданд, дар ҳамоиш масъалаи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба забони модарӣ мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор гирифт.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода таъкид намуд, ки мардуми тоҷик Рӯзи забони давлатиро ҳамчун ҷашни муқаддас ва рамзи муҳаббату садоқат ба забони модарӣ таҷлил менамоянд.

Таъкид гардид, ки таърихи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо марҳилаи муҳимми давлатдории миллӣ пайваст буда, забони тоҷикӣ ҳамчун арзиши бузурги фарҳангӣ ва рукни асосии ҳувияти миллӣ мавқеи намоён дорад.

Сафир таъкид кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди забони модарӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, барои таҳкими ҷойгоҳи он дар ҷомеа тадбирҳои муассир андешидаанд.

Дар ҳамоиш дӯстдорони забони тоҷикӣ аз ашъори шоирони классикӣ ва муосир намунаи шеърҳо қироат намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

Октябрь 6, 2025 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Доир ба омодагӣ ба нишасти сарони давлатҳои ИДМ ҷаласа баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ. Аз соли 1992 байни ду давлат зиёда аз 320 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидаанд
Дар пойтахти Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои муҳими сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор мегарданд
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми вазири нафти Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот анҷом дод
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо иштирок намуд
Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Андрей Назаров мулоқот намуд
Cафири Тоҷикистон бо Директори Дафтари робитавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ мулоқот намуд
Намунаи либосҳои тоҷикӣ дар чорабинии фарҳангии кишварҳои Осиё дар Корея намоиш дод шуд
Дар Женева имкониятҳо ва мавқеи Тоҷикистон оид ба устувории энергетикӣ муаррифӣ гардид
Байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия машваратҳо баргузор гардид