РИСОЛАТИ БУЗУРГИ ҶАВОНМАРДӢ. Имрӯз дар саросари Тоҷикистон Рӯзи даъватшаванда оғоз гардид

ДУШАНБЕ, 01.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 октябр дар саросари ҷумҳурӣ маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид.
Бояд гуфт, ки дар раванди давлатсозии миллӣ шаклҳои гуногуни тарбия, бахусус тарбияи ватандӯстӣ масъалаи ниҳоят муҳим ба шумор меравад. Дар таърих ватандӯстӣ ба сифати падидаи иҷтимоӣ барои таъсиррасонӣ ба шуури сиёсии шаҳрвандон ба кор бурда мешуд. Азбаски ҷаҳони мутамаддин дар таҳаввулоти ҳамешагӣ қарор дорад, дар мафкураи шаҳрвандон ҷой намудани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ барои амалӣ намудани барномаю стратегияҳои давлатӣ аз манфиат холӣ нест.
Воқеан ҳам бояд иброз намуд, ки зиндагии осудаву ороми ҳар оила, амалӣ гардидани нияту орзуи ҳар шаҳрванд, ободии давлат ва пешрафти он танҳо дар ҳолати пойдор будани сулҳу суботи комил имкон дорад. Ва дар замони муосир танҳо кишварҳое дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди устувори илмию фарҳангии худро ҳифз карда метавонанд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи зарурӣ дода, имконияти фаровони зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳоро ба самти дурусту созанда равона созанд. Ҷавонон созандагони фардои шукуфони Тоҷикистон ва сутуни боэътимоди давлату миллат буда, пешрафти онҳо ва боло бурдани донишҳои сисёсияшон танзимкунандаи ояндаи босуботу ободи давлату ҳукумат хоҳад буд.
Доштани ҳисси баланди миллӣ ба ҷавонон имкон медиҳад, ки онҳо ватани маҳбуби худро сидқан дӯст доранд, онро содиқона ҳифз намоянд ва ифтихор дошта бошанд, ки фарзандони яке аз миллатҳои бостонӣ ва соҳибфарҳангу тамаддунсози дунё ҳастанд.
Қувваҳои Мусаллаҳ — ҳомии соҳибихтиёрӣ ва амнияти давлат ва ҷомеа
32 сол мешавад, ки Артиши миллӣ дар таҳкими пояҳои минбаъдаи давлати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ нақши муҳим мебозад. Фаъолияту дастовардҳои Артиши мамлакатро давоми 32 соли таъсис метавон натиҷаи пурсамари ҷоннисорони миллат ба хотири ҳифзу дифои марзу буми Тоҷикистон номид. Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёду рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон беназир аст.
Имрӯз, ки миллати тоҷик давлати соҳибистиқлол дошта, Қувваҳои Мусаллаҳ ташкил намудааст, омӯзиши мероси ҳарбӣ — назариявии гузаштагонамон аҳамияти хосса пайдо намуда, вазифаи ҳар пажуҳишгари соҳаи илми ҳарбӣ аст, то ин таҷрибаи низомӣ ва сабақи таърихи артиши миллиамонро дастраси омма ва онҳое гардонанд, ки ҳаёташонро ба ҳифзи Ватан бахшидаанд.
Неруи муқтадир ва кафили амнияту осоиш
Имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари беҳтар гардидани шароити маишии афсарону сарбозон ҳамзамон дар қисмҳои ҳарбии ҳама сохторҳои низомии мамлакат шароити хуби будубош ва адои хизмат фароҳам оварда шудааст. Аз ин лиҳоз ҳар ҷавони худогоҳу хештаншинос ва поквиҷдону боиродаро зарур аст, ки вазифаи аввалиндараҷаи хеш- хизмат ба Ватанро вазифаи шаҳрвандию инсонӣ дониста, ин рисолати бузурги ҷавонмардиро бо масъулияти баланд иҷро намояд.
Бо назардошти ин ва вазъи пешгӯинашавандаи ҷомеаи имрӯза ҳар шаҳрванди мамлакатро зарур меояд, ки ба қадри дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан расад, зеро дар ҳама давру замон, махсусан дар шароити имрӯза таъмини амният, суботи сиёсӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ вазифаи муқаддас ва пуршараф аст.
Бояд гуфт, ки хизмати ҳарбӣ барои ҷавонписарони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, 24 моҳ муқаррар карда шудааст. Тибқи талаботи қонун, шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад. Зеро онҳо дар кафедраҳои ҳарбӣ ихтисосҳои гуногунро ба таври назариявӣ азбар карда, ҳамчун мутахассис ба сафи артиш дохил мешаванд. Ҳамчунин дарсҳои назариявиро ба таври амалӣ тақвият бахшида, баъди як соли хизмат сазовори рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенанти хурд мегарданд.
Сарҳад — оғози хоки Ватан ва мазрааи нангу номуси миллат
Дар раванди давлатсозии миллӣ шаклҳои гуногуни тарбия, бахусус тарбияи ватандӯстӣ масъалаи ниҳоят муҳим ба шумор меравад. Дар таърих ватандӯстӣ ба сифати падидаи иҷтимоӣ барои таъсиррасонӣ ба шуури сиёсии шаҳрвандон ба кор бурда мешуд. Азбаски ҷаҳони мутамаддин дар таҳаввулоти ҳамешагӣ қарор дорад, дар мафкураи шаҳрвандон ҷой карда тавонистани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ барои амалӣ намудани барномаю стратегияҳои давлатӣ аз фоида холӣ нест.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2024 доир ба ватандӯстӣ сухан гуфта, аз ҷумла таъкид намуданд, ки «мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтию осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем. Ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон эътимоди комил дорам. Зеро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, ваҳдати миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва саъю талоши хастагинопазири ҳар фарди ҷомеа эътимоду итминон дорам».
Зубайдулло Давлатов чунин андеша дорад, ки «арзиши мафҳуми ватандӯстӣ барои тоҷикон эҳсоси ирсӣ, меросӣ, таҷрибавӣ ва ҳам таърихӣ аст. Ватани дониш китоб аст, бахусус ватани арзишҳои ватандӯстию инсонпарварӣ. Ватандӯстӣ таҷрибаи зиндагии наслҳою миллатҳо аст, ки дар ёди таърихӣ, китобнавиштаҳо ва дар эҷодиёти шифоҳии халқ барои ояндагон ба мерос мегузарад. Ин мерос гаронбаҳо аст, зеро воситаи ҳифзи ватану истиқлоли он аст. Ин таҷрибаи зиндагӣ аз фард ба фарзандон, аз фарзандон ба авлод, аз авлод ба наслҳо ва аз наслҳо ба миллат ба мерос мегузарад ва он яке аз арзишҳои миллӣ аст».
Ба хотири баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба марзу буми мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022 қабул гардид, ки он аз 5 боб ва 21 модда иборат аст. Қонун ҳадаф, усулҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар намуда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.
Ватандӯстӣ эътиқод аст ва касеро маҷбуран ватандӯст намудан имкон надорад, вале арзишҳои ватандӯстиро дар тафаккури шаҳрвандон ҷой намудан ва ин арзишҳоро ба эътиқоди онҳо табдил додан имконпазир аст. Ин раванди мушкил ва ҳамешагӣ аст. Яъне, ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бояд ба тарзи бефосила, бетанаффус ва ба таври доимӣ машғул шуд. Дар ин масири мушкил давлату миллате муваффақ мешавад, ки беҳтарин қувваҳои зеҳнӣ ва илмию фарҳангиашро ба ин самт равон намояд.
Табиист, ки шаҳрвандон афкори мухталифи сиёсӣ доранд, сатҳи зиндагию вазъи иҷтимоиашон гуногун аст, аммо сарфи назар аз ҳама фарқияту мухолифат ҳамаи моро бояд масъулияти ҳифзи истиқлоли Ватану ваҳдати миллат муттаҳид намояд. Барои ҳар шаҳрванди ватандӯст ҳеҷ чиз муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нест.
Воқеан дар шароити имрӯзаи пуртазод вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, ки ҳатто давлатҳои пурқудрат ба таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гашта, буҳрони иҷтимоию иқтисодӣ аксар кишварҳои сайёраро дар ҳолати ноустувор қарор додааст, ҷавонони ватандӯсту меҳанпарасти мамлакатро бетафовут гузошта наметавонад. Имрӯзҳо ҷавонони барӯманду қавииродаи ҷумҳурӣ хуб дарк менамоянд, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи виҷдонӣ ва имонии онҳо маҳсуб мешавад. Пас месазад, ки ҳар ҷавони ба синни даъватӣ расида барои ҳифзу ҳимояи Ватан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамроҳ гардад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»