Роҳбари миссияи Хазинаи байналмилалии асъор ба устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон баҳои баланд дод

Октябрь 29, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 29.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) оид ба Тоҷикистон ҷаноби Мэтю Гертнер ва ҳайати ӯ вобаста ба рафти татбиқи Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI) баргузор гардид. Дар мулоқот роҳбари миссия ба дастовардҳои иқтисодии ноилгардидаи Тоҷикистон дар солҳои охир ва нуҳ моҳи соли равон баҳои сазовор дод.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, дар вохӯрӣ Завқӣ Завқизода изҳор дошт, ки дар моҳҳои январ-сентябри соли 2025 новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ, бахусус турбуланси иқтисоди глобалӣ, шиддат гирифтани вазъи геосиёсии иқтисоди ҷаҳон ва низоъҳои тиҷоратӣ дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин татбиқи саривақтии ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ, барномаву стратегияҳо суръати рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 8,2 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми он то 117,8 млрд. сомонӣ афзоиш ёфт.

Тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, суръати рушди иқтисоди миллӣ дар солҳои 2025 ва 2026 мутаносибан 8,2 фоиз ва 8,5 фоиз пешбинӣ шудааст.

Завқӣ Завқизода аз намояндагони ХБА ҷиҳати дастгирӣ оид ба зиёд кардани қарзҳои имтиёзноки берунӣ барои татбиқи ҳадафу афзалиятҳои муайяннамудаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ даъват намуд.

Мэтю Гертнер ба устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва дастовардҳои иқтисодии ноилгардидаи Тоҷикистон дар солҳои охир ва нуҳ моҳи соли 2025 баҳои сазовор дода, ҷиҳати ҳамкории минбаъда омодагии Хазинаи Байналмилалии Асъорро иброз дошт.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 29, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад