Се варзишгари навраси тоҷик аз намуди бокс ба даври ниҳоии Бозиҳои сеюми кишварҳои ИДМ роҳ ёфтанд
ДУШАНБЕ, 04.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр варзишгарони навраси тоҷик Беҳрӯз Умаров дар вазни 50 кг, Аъзамҷон Ҳасанов дар вазни 48 кг ва Акбарҷон Абдуллоев дар вазни 57 кг дар доираи Бозиҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷараён доранд, рақибонашон аз давлатҳои Озарбойҷон ва Беларусро мағлуб карда, ба даври ниҳоии ин мусобиқаи сатҳи баланд роҳ ёфтанд.
Тавре шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» аз макони баргузории бозиҳо иттилоъ медиҳад, мусобиқаи бокс дар доираи Бозиҳои сеюми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маҷмааи варзишии шаҳри Левлахи Озарбойҷон баргузор гардида, то 5 октябр идома меёбад. Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров бар ҳарифи озарбойҷонияш Айхан Ҳасанов ғолиб омада, ба даври ниҳоии ин мусобиқаи сатҳи баланд роҳ ёфт, Аъзамҷон Ҳасанов дар вазни 48 кг бар рақиби беларусӣ ғолиб омада, роҳхати марҳилаи финалиро пайдо намуд.
Акбарҷон Абдуллоев дар вазни 57 кг бо ҳарифи озарбойҷонияш рақобат карда, ғолиб омад ва ба даври ниҳоии ин мусобиқаи сатҳи баланд роҳ ёфт.
Варзишгарони дигари навраси тоҷик Амир Назаров дар вазни 46 кг, Умарҷон Асроров дар вазни 66 кг ва Амир Нозимов дар вазни 75 кг, инчунин Фурӯғ Сарҳадзода байни духтарон дар вазни 66 кг сазовори медалҳои биринҷии Бозиҳои сеюми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз намуди бокс гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






