РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 90 ҳазор сайёҳон шаҳри бостонии Кӯлобро тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 27.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳри бостонии Кӯлобро дар нуҳ моҳи соли равон 90 ҳазору 582 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ тамошо намуданд, ки аз ин шумора 7298 нафари онро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии минтақаи Кӯлоб хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Кӯлоб 44 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 10 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 19 меҳмонхона, 7 мавзеи сайёҳӣ, 4 осорхона, 5 зиёратгоҳ ва даҳҳо тарабхона, чойхона, марказҳои иттилоотӣ ва дигар инфрасохтори зарурии сайёҳӣ фаъолият доранд.
Шаҳри Кӯлоб дорои таърихи беш аз 2700 сол буда, яке аз қадимтарин марказҳои тамаддуни тоҷикон мебошад. Захираҳои бойи таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ ин шаҳр ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сайёҳии минтақа ва мамлакат ба ҳисоб мераванд.
Маҳсули дастии занони ҳунарманди ин шаҳр диққати сайёҳонро ба ин макон бештар ҷалб намудааст. Чакандӯзӣ, порадӯзӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, табақтарошӣ аз ҷумлаи ҳунарҳое мебошанд, ки на танҳо барои ҷалби сайёҳон, балки ба рушди иқтисоди хонаводагӣ ва афзоиши ҷойҳои корӣ мусоидат менамоянд.
Инчунин ҳунари хӯрокпазии занони ҳунарманд Кӯлобшаҳр ҷузъи ҷолиби сайёҳии ин минтақа ба шумор меравад. Онҳо анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, аз қабили қалама, таҳмол, оши бурида, оши палав, қурутоб, манту, ширбат, шӯрбо, ширбиринҷ, ширруған, шакароб ва нашоистаро бо маҳорати баланд омода менамоянд.
Сайёҳон ва меҳмонони шаҳр ҳангоми шиносоӣ аз бозорҳо, мавзеъҳои сайёҳӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ аз ин таомҳои хушлаззат мечашанд ва бо таъми хоси хӯрокҳои миллӣ ошно мегарданд. Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, маҳз ҳамин навъи ҳунари бонувони маҳаллӣ метавонад барои рушди сайёҳии гастрономӣ дар минтақа заминаи мусоид фароҳам оварад.
Бояд гуфт, ки соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат яке аз соҳаҳои афзалиятноку даромаднок буда, аз ин ҳисоб маблағҳои зиёд ба буҷаи давлат ворид гардида, барои рушди иқтисодиёти мамлакат пурсамар истифода бурда мешаванд.
Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон нисбат ба рушди соҳаи сайёҳӣ имконияти хеле калон дорад. Агар ин имконот пурра истифода шаванд, ҳамасола сайёҳони зиёди хориҷӣ ба мамлакати мо барои тамошои маконҳои ҷолиб меоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид






