Сироҷиддини Муҳриддин: «Музокироти сарони кишварҳои ИДМ дар фазои созандаю самарабахш ва корӣ баргузор шуд»
ДУШАНБЕ, 10.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Музокироти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар фазои корӣ, созандаю самарабахш баргузор шуд, — чунин гуфт Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ баъд аз ҷамъбасти ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин иброз дошт, ки дар ҷаласа сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд.
Инчунин сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба тавсеаи минбаъдаи муколамаи сиёсӣ, густариши ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва тақвияти равобити фарҳангию гуманитарӣ дар доираи Иттиҳод таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Дар ҷаласа ҳамчунин масоили мубрами ҳамкории муштарак дар соҳаи амният, аз ҷумла мубориза бо терроризму экстремизм, таҳкими ҳамкории сарҳадиву низомӣ баррасӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 10 октябр дар Қасри миллат таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар ҳамоиши сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев иштирок намуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






