Таҳкими ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар бахши молиявӣ баррасӣ гардид

Октябрь 6, 2025 11:43

ДУШАНБЕ, 06.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар бахши молиявӣ зимни мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд таҳти роҳбарии директори бахши муассисаҳои молиявии бонк оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Туркия Георгий Орлов дар Душанбе баррасӣ гардид.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат шинос намуда, гуфт, ки новобаста ба сатҳи баланди номуайянии иқтисодӣ дар минтақа нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат муътадил боқӣ мемонанд.

Ҷонибҳо дар мулоқот масъалаҳои марбут  ба дастгирии лоиҳаҳои соҳибкории хурду миёна, занони соҳибкор, ҷавонон, ташаббусҳои иқтисоди «сабз», инчунин рушди бозорҳои молияю сармоя ва такмили механизми самараноки сиёсати пулию қарзиро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо инчунин оид ба рушди бозори суғуртаи мамлакат табодули назар намуда, қабули «Стратегияи рушди низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029»-ро  заминаи муҳим барои ислоҳот ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардонидани соҳа арзёбӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ин самт ба тақвияти иқтидори идораи назорати суғуртавӣ ва татбиқи намудҳои хизматрасонии суғуртавӣ мусоидат мекунад. Ҷонибҳо барои идомаи татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок ва рушди устувори низоми молиявии мамлакат изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Октябрь 6, 2025 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид