Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад

Октябрь 6, 2025 13:50

ДУШАНБЕ, 06.10.2025 /АМИТ «Ховар/. Тавре ҳамагон огоҳӣ доранд, Тоҷикистон соли 2025 раёсатро дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба уҳда дорад. Дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзҳои наздик дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе якчанд чорабиниҳо, аз ҷумла ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, ки бозгӯи таҳкими ҳамкории гуногунсоҳа байни кишварҳои Иттиҳод мебошад. Интизор меравад, ки дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳимтарин масъалаҳо марбут ба тақвияти ҳамкории кишварҳои аъзо дар доираи Иттиҳод баррасӣ гарданд.

Тоҷикистон-мизбони 3 ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои ИДМ

Дар 34 соли фаъолият дар Тоҷикистон 3 ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гашта, дар онҳо санадҳои барои фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳим қабул карда шуданд. 5 октябри соли 2007 дар ҷаласаи Душанбе якчанд санадҳо, аз ҷумла «Консепсияи рушди ояндаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои давраи то соли 2020» ва Нақшаи чорабиниҳои асосӣ барои амалисозии он қабул гардиданд. 2-3 сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳороти Сарони давлатҳо қабул гардида, маърузаи таҳлилии «Ҷамъбасти фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар 20 сол ва вазифаҳо барои оянда» ва Барномаи байнидавлатии «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод» муҳокима карда шуданд.

Тоҷикистон — аъзои 7 мақомоти оинномавии ИДМ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувори муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таваҷҷуҳи хосса медиҳад. Имрӯз Тоҷикистон аъзои 7 мақомоти оинномавии Иттиҳод -Шурои сарони давлатҳо, Шурои сарони ҳукуматҳо, Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои иқтисодӣ, Шурои ҳамоҳангсози фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ, Ассамблеяи байнипарлумонӣ ва Суди иқтисодӣ буда, дар фаъолияти беш аз 80 сохтори соҳавии он фаъолона иштирок менамояд.

Тоҷикистон-иштирокчии фаъол дар соҳаи ҳамкории гуманитарӣ

Дар ҳамшарикии гуногунҷанбаи давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нақши муҳимро ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ мебозад. Дар робита ба ин Тоҷикистон яке аз иштирокдорони фаъол дар соҳаи ҳамкории гуманитарии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ бо қарори дахлдори Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳод моҳи майи соли 2006 маҳз дар шаҳри Душанбе таъсис ёфт, ки ҳадафаш таҳкими ҳамкории гуманитарӣ байни давлатҳо дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Эълони Соли хониш ва адабиёт дар ИДМ — бо ташаббуси Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори пешниҳоди эълон намудани соли 2008 ҳамчун Соли хониш ва адабиёт дар ИДМ аст. Бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ дар доираи ҷашнвораи 1150-солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ асарҳои безаволи ӯ бо се забон нашр ва дар китобхонаҳои давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тақсим гардиданд. Инчунин китобҳои дарсии забони русӣ барои мактаббачагони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон ба табъ расиданд. Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ ду ҷилди силсилаи «Адабиёти классикии ИДМ»-ро дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр намуд.

Кӯлоб ва Душанбе-пойтахтҳои фарҳангии ИДМ

Шаҳрҳои Кӯлоб ва Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» солҳои 2015 ва 2021 мутаносибан мақоми Пойтахти фарҳангии ИДМ-ро касб намуда, мизбони якчанд чорабинии бузурги фарҳангӣ-гуманитарӣ, конфронсҳои илмӣ-амалӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ гардиданд.

Соли 2025 — соли раёсати Тоҷикистон дар ИДМ

Тоҷикистон дар доираи созмони минтақавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таҳкими муносибатҳои ҳамҷаворӣ байни давлатҳои иштирокдор аҳамияти хосса дода, манфиатдори рушду густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоӣ байни кишварҳои Иттиҳод мебошад. Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 раёсатро дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба уҳда дорад. Дар давраи раисии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил моҳи июни соли 2025 дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳод баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами марбут ба ҳамкории иқтисодӣ дар доираи Иттиҳод муҳокима гардид. Инчунин соли равон Душанбе мизбони чандин ҷаласаҳои мақомоти соҳавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид. Ҳамзамон дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2025 дар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ таҷлил гардид.

ИДМ соли 1991 таъсис дода шуд

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 34 сол муқаддам, 8 декабри соли 1991 аз ҷониби Беларус, Русия ва Украина бо мақсади расонидани мусоидат ба раванди ҳалли муҳимтарин масъалаҳо дар марҳилаи ташаккули давлатҳои мустақил ва нигоҳ доштани робитаҳои таърихии собиқ давлатҳои шуравӣ таъсис дода шуд.

21 декабри соли 1991 ба Созишнома оид ба таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ҳамроҳ шуда, бо Беларус, Русия ва Украина дар Алмато Эъломияи мақсадҳо ва принсипҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро имзо карданд. Алҳол Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нуҳ давлатро муттаҳид менамояд.

Аз ҷониби мақомоти олии ИДМ беш аз 2807 қарор қабул гардидааст

Давоми таърихи 34-солаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷониби мақомоти олии он беш аз 2807 қарор қабул гардидааст, ки ба соҳаҳои афзалиятнок ва гуногун нигаронида шудаанд. Раёсат дар Иттиҳод бо тартиби алифбои забони русӣ аз як давлат ба давлати дигар гузашта, давоми як сол амал мекунад. Дар ин самт шаҳри Душанбе мунтазам мизбони ҷаласаҳои мақомоти олии низомномавии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад.

Самтҳои ҳамкорӣ дар доираи ИДМ

Самтҳои афзалиятноки ҳамкории мутақобили судманд байни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар доираи фаъолияти Иттиҳод асосан ба ҳамкории гуманитарӣ, байнипарлумонӣ, байниминтақавӣ ва наздисарҳадӣ, масъалаҳои маҷмуии сиёсӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи амният, ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи табодули иттилооти илмӣ-техникӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи молия ва ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ нигаронида шудаанд.

Таъмини суботу амният дар ИДМ

Таъмини суботу амният дар қаламрави давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз рисолатҳои асосии ин созмон мебошад. Дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 28 сентябри соли 2018 дар Душанбе баргузор гардид, масъалаҳои ҳамкории давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла таъмини амният ва андешидани тадбирҳои фаврӣ бо мақсади мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои муосири глобалӣ, терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва паҳншавии ғайриқонунии аслиҳа, ҳалли мушкилоти марбут ба таъмини амният дар самти ҷанубии Иттиҳод ва дигар мавзуъҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ шуда, барномаҳою нақшаҳо, чорабиниҳои дахлдор вобаста ба мавзуъҳои муҳокима гардида, қабул карда шуданд.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 6, 2025 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии «Шилингел» дар Олмон намоиш дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
«КИТОБХОНА — КОХИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши дӯстдорони китоб доир шуд
Дар шаҳри Панҷакент пойгоҳҳои обкашӣ барқарор карда мешаванд
Доир ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Рӯзи забони давлатӣ дар Суди Олии иқтисодӣ ботантана таҷлил карда шуд
Кишоварзони шаҳри Конибодом беш аз 12 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳо ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба рӯзи таъсиси «Телевизиони Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар милитсияи пойтахт Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи касбии кормандони оперативиро таҷлил намуданд
«ПАРЧАМБАРДОРОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти чунин унвон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад