Валиаҳди Шоҳигарии Негери-Сембилани Малайзия: «Таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаи НБО-и «Роғун» шоистаи таҳсин аст»
ДУШАНБЕ, 16.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр Валиаҳди Шоҳигарии Негери-Сембилани Малайзия Тунку Алӣ Ризауддин ибни Туанку Муҳриз, ки барои иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест — 2025» ба Тоҷикистон ташриф овардааст, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маъмурияти неругоҳ хабар доданд.
Меҳмонон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ, иқтидори истеҳсолии неругоҳ ва нақши он дар таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон шинос гардиданд.
Дар анҷоми шиносоӣ Валиаҳди Шоҳигарии Негери-Сембилани Малайзия дар китоби ифтихории Неругоҳи барқи обии «Роғун — Кохи Нур» соядаст гузошт. Ӯ таъкид намуд, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» намунаи равшани ормонҳои баланди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба татбиқи чунин лоиҳаи бузург шоистаи таҳсин аст.
Шиносоии Тунку Алӣ Ризауддин ибни Туанку Муҳриз бо бузургтарин иншооти энергетикии минтақа рамзи таҳкими ҳамкории дӯстона ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Малайзия арзёбӣ мегардад.
АКС: Маъмурияти Неругоҳи барқи обии «Роғун»








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






