Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар Конгресси якуми ҷаҳонӣ оид ба таҳсилоти фарогир дар Алмато иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 16.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштироки вазирони маориф ва илми якчанд давлат, коршиносони байналмилалӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ Конгресси якуми ҷаҳонӣ оид ба таҳсилоти фарогир баргузор гардид. Дар конгреси мазкур Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Раҳим Саидзода гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими асоси ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм, бахусус дар самти таҳсилоти фарогир таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Имрӯз дар мамлакат дар доираи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ислоҳоте татбиқ мешавад, ки ҳадафи он таъмини дастрасии бештари кӯдакон ба таҳсил, аз ҷумла кӯдакони дорои эҳтиёҷи махсус мебошад.
Ҳамчунин иброз гардид, ки дар доираи “Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030” тадбирҳои мушаххас барои густариши таҳсилоти фарогир, аз ҷумла рушди инфрасохтор, навсозии барномаҳои таълимӣ, таҳияи китобҳои насли нав ва таҳкими нақши омӯзгорон пешбинӣ шуда, давра ба давра амалӣ мегарданд. Дар доираи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои амалии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо дар самти беҳтарсозии омодагии кӯдакон ба мактаб, навсозии барномаҳои томактабӣ бо назардошти ниёзҳои кӯдакони маъюб аз ақаллияти миллӣ, таҷҳизонидани муассисаҳои томактабӣ, боло бурдани савияи тахассусии кормандони соҳа, ҷалби волидон ва ҷомеа идома дорад.
Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рӯйи таҳия ва нашри китобҳо барои намояндагони ақаллияти миллӣ мавқеи пешсафро соҳиб аст, ки ин нишондиҳандаи муҳимми пешрафт дар соҳаи таҳсилоти фарогир мебошад.
Ҳамчунин баён гардид, ки ин ҳамоиши байналмилалӣ ба таҳкими муносибатҳои устувор дар ҳама самтҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм мусоидат намуда, дӯстӣ ва эътимод байни давлатҳоро боз ҳам мустаҳкам месозад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






