35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 14 километр роҳҳои мошингарди ноҳияи Ҷайҳун таъмиру навсозӣ гардид

Ноябрь 2, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 02.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар 10 моҳи соли равон дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон 14 километр роҳи мошингарди байни деҳаҳо мумфарш ва даҳҳо километри дигар сангфарш гардида, барои гузаронидани таъмири асосӣ омода карда шуданд. Маҷмуан, маблағи корҳои роҳсозӣ дар ноҳия 7 миллиону 506 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Таъмиру навсозии роҳҳои мазкур бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун, Идораи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ин ноҳия дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорону шахсони саховатманд ва дастгирии сокинон ба анҷом расиданд.

Роҳи деҳаи Орзуи Ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун, ки солҳои зиёд ба таъмиру навсозӣ ниёз дошт, бо ҳисагузории соҳибкорон ва тариқи ҳашари дастаҷамъонаи сокинон пурра ва хушсифат мумфарш гардид.
Ҳамчунин 1,7 километр роҳи аҳамияти маҳалидоштаи деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳия низ баъди навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Сокинони деҳаи Лоҳутӣ тавонистанд, ки то имрӯз ҳудуди 2 километр роҳи мошингарди деҳаашонро мумфарш карда, ба талаботи ҳаракати воситаҳои нақлиёт мусоид гардонанд.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷайҳун аз ҳамдигар таҷриба карда, пайи ҳам роҳҳои ҳудуди деҳу маҳаллаҳоро тавассути ҳиссагузории дастаҷамъона мумфарш карда, ҳамчунин ҷароғонкунӣ, навсозии ҷуйборҳои обпартои канори роҳҳо ва дигар амалҳои марбутаро анҷом медиҳанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Ноябрь 2, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд