35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Балҷувон 180 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 22.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон 257 иншооти гуногун сохта мешавад. То имрӯз 180 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст, ки 70 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, дар айни замон дар ноҳия 7 меҳмонхона, 5 мавзеи сайёҳӣ, 4 осорхона, 3 ширкати сайёҳӣ, 37 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 4 зиёратгоҳ ва 2 боғи фарҳангию фароғатӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ солҳои охир дар Балҷувон корҳои зиёде амалӣ шудаанд. Беҳтар намудани роҳҳои автомобилгард, бунёди нуқтаҳои хизматрасонӣ ва марказҳои иттилоотӣ барои сайёҳон аз ҷумлаи корҳои ободонию созандагӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ ба шумор мераванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон








Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд






