35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода Маркази саломатӣ ва толори варзишӣ ба истифода дода шуданд

Ноябрь 28, 2025 09:59

ТУРСУНЗОДА, 28.11.2025 /АМИТ«Ховар»/. Ба шарафи 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Навободи  шаҳри Турсунзода Маркази саломатии деҳавӣ ба истифода дода шуд.  Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  иттилоъ доданд.

Маркази саломатӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва саҳми сокинону соҳибкорон   бунёд гардидааст. Он дорои утоқҳои корӣ буда, бо таҷҳизоти нави тиббӣ, мизу курсӣ ва ҷевонҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Минбаъд  зиёда аз 50 корманди Маркази саломатӣ  ба 10 ҳазор  сокинони Ҷамоати деҳоти Навобод  хизмати тиббӣ мерасонанд.

Бинои нави муассисаи тандурустӣ дорои шароити муосири ташхису табобат буда, ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ нигаронида шудааст.

Зимни ифтитоҳи ин муассиса роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  ба сохтмончиён ва роҳбарияти маркази саломатӣ Сипоснома тақдим намуд.

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  дар Ҷамоати деҳоти Регари  шаҳри Турсунзода майдончаи варзишии замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Тибқи нақшаи бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  дар шаҳри Турсунзода  дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бунёду барқарорсозии  459 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст. Давоми солҳои 2022-2025 зиёда аз 372 иншоот сохта, ба истифода дода шуд. Дар иншооти  боқимондаи ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Ноябрь 28, 2025 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд