35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода сохтмони иншооти ҷашнӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода бо ҷараёни сохтмони якчанд иншооти ҷашнӣ, ки дар доираи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидаанд, шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.
Раиси шаҳр бо корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 шинос гардид. Бинои нави муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 22 синфхона мебошад. Соҳибкорон ва сокинони деҳа корҳои сохтмониро моҳи майи соли 2025 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода оғоз намуда буданд.
Дар деҳаи Нуристони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода низ сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ оғоз шуд, ки ҳоло корҳо дар ошёнаи дуюми бино идома доранд. Муассисаи таълимии 111 аз ду ошёна иборат буда, дорои 12 синфхона мебошад.
Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода зимни шиносоӣ бо сохтмон иброз дошт, ки баробари ба истифода додани бинои замонавӣ дар он барои насли нав шароиту имконияти муосири таълимӣ муҳайё карда мешавад.
Раиси шаҳри Турсунзода ҳамзамон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42, воқеъ дар деҳаи Ифтихори Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият шинос шуд. Бинои нави муассиса аз ду ошёна иборат буда, дорои 18 синфхона, ду утоқи корӣ ва як маҷлисгоҳ мебошад.
Дар деҳаи Исмоили Сомонӣ низ бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Неъматулло Ҳаитов муассисаи томактабии замонавӣ бунёд гардидааст, ки дорои беҳтарин шароиту имконияти муосири таълимӣ мебошад. Кӯдакистон 200 кӯдакро фаро гирифта, дорои тамоми шароиту имконияти замонавӣ аст.
Сокинони заҳматпешаю ободгари Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода дар ободонию пешрафти диёри хеш саҳми арзанда гузошта, минбаъд низ созандагию бунёдкориро идома медиҳанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода


















Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд






