35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд беш аз 12 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 30.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сохтмон, бунёд, навсозӣ ва таъмири 12 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шуд. Аз ин шумора 12 ҳазору 66 иншоот мавриди истифода қарор гирифт, ки ба 100,5 фоизи нақша баробар мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра 538 корхонаю коргоҳи саноатӣ, 392 иншооти соҳаи тандурустӣ, 930 иншооти соҳаи маориф, 338 иншооти соҳаи варзиш, 129 иншооти соҳаи фарҳанг, 227 иншооти соҳаи сайёҳӣ, 1607 иншооти соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, 2045 иншооти қитъаи роҳ, 164 пул, беш аз 500 бинои истиқоматии баландошёна, 91 бинои маъмурӣ ва зиёда аз 5200 иншооти таъйиноти дигар бунёд ва навсозӣ карда шуд.
Дар назар аст, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ боз беш аз 3000 иншооти дигар сохта, ба истифода дода шавад.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар 7 соли охир дар вилояти Суғд 3,6 миллион метри мураббаъ манзил сохта шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд






