35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон 3 фароғатгоҳ бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 01.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон корҳои сохтмонӣ дар зиёда аз 16 иншооти таъиноти гуногун вусъат меёбанд. Аз ҷумла, дар мавзеи Обигарми ин ҷамоат фароғатгоҳҳои замонавӣ бунёд гардида истодаанд, ки ба рушди саёҳати табобатӣ дар ноҳия ва вилоят мусоидат менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар доданд.
Бояд гуфт, ки мавзеи Обигарми Ҷамоати деҳоти Ванқалъа дорои обҳои гарми шифобахш буда, дар ин мавзеъ баҳри ба табобат фаро гирифтани сокинону меҳмонон ва рушди соҳаи сайёҳӣ фароғатгоҳҳо ба истифода дода мешаванд.
Тибқи нақшаи корҳои ободонӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар ноҳияи Шуғнон аз 226 иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ сохтмону навсозии 190 иншоот то моҳи июни соли равон ба маблағи умумии зиёда аз 111 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 27 июни соли равон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 3,7 км роҳ, 550 метр долони зидди тарма ва пули мошингузарро бо дарозии 82 метр дар деҳаи Барсеми деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон мавриди истифода қарор доданд.
Ин қитъаи роҳ дорои аҳамияти байналмиллалӣ буда, ҷузъи муҳими шоҳроҳи стратегии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Кулма ба ҳисоб меравад. Он Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути гузаргоҳи сарҳадии Кулма мепайвандад.
Бо истифода аз техника ва технологияҳои муосир ва бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва шарикони байналмилалӣ корҳои таҷдиди роҳ, сохтмони долони зидди тарма ва пули мошингузар дар шароити мураккаби релефи кӯҳӣ ба анҷом расида, бехатарии ҳаракати нақлиёт ва иртиботи минтақаҳоро таъмин менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон








Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд






