Агентии таъмини сифати таҳсилоти олӣ як қатор муассисаҳои олии Тоҷикистонро аз аккредитатсияи байналмилалӣ мегузаронад
ДУШАНБЕ, 04.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Британияи Кабир роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Агентии таъмини сифати таҳсилоти олии Британияи Кабир вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат роҷеъ ба ҳамкорӣ бо агентиҳои аккредитатсионӣ дар самти таъмини сифати таҳсилот ва аз аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ ва институтсионали гузаштан ибрози назар намуданд.
Роҳбари Агентии таъмини сифати таҳсилоти олӣ (QAA) Ник Бэйли ва директори иҷроияи рушди бизнеси Агентӣ оид ба тартиб ва шартҳои баргузории аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ ва институтсионалӣ иттилоъ дод.
Агентии таъмини сифати таҳсилоти олӣ (QAA) аз бонуфузтарин агентҳои таъмини сифати таҳсилоти олӣ ва аккредитатсионии Британияи Кабир маҳсуб ёфта, дар сатҳи байналмилалӣ нуфузи баланд дорад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати аз аккредитатсияи байналмилалии муштарак гузаронидани Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба мувофиқа расиданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон











Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид






