Байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби «Единая Россия» санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид

Ноябрь 17, 2025 09:23

ДУШАНБЕ, 17.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба вусъати ҳамкории гуногунҷабҳа байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби «Единая Россия» санади нави ҳакморӣ ба имзо расид. Ин санади ҳамкорӣ аз ҷониби муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва муовини якуми Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия — Котиби Шурои генералии Ҳизби «Единая Россия» Владимир Якушев имзо гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар санади нави ҳамкорӣ дар баробари машваратҳои сиёсии байниҳизбӣ ва иштирок дар форумҳою конфронсҳои ҳамдигарӣ фаъолнокии ҳамкорӣ байни ташкилоти ҳизбии ҷавонон чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ низ ба инобат гирифта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкории мутақобили судманди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби умумирусиягии «Единая Россия» дар доираи Созишномае, ки аз соли 2017 байни ду ҳизби пешрави ҷомеаи Тоҷикистону Русия амал мекунад, идома дорад.

АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Ноябрь 17, 2025 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд