Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва вилояти Қазвини Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 17.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2025», ки дар Маркази намоишгоҳии шаҳри Душанбе «Dushanbe Expo Center» доир гардид, байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии вилояти Қазвини Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати мамлакат хабар доданд.
Ҳайати иқтисодию тиҷоратии вилояти Қазвин бо мақсади шиносоӣ бо имконияти нави ҳамкорӣ, фаъолияти ширкату корхонаҳо ва ёфтани шарикони тиҷоратӣ ба Тоҷикистон омад.
Меҳмонон зимни тамошои намоишгоҳ бо имконияти истеҳсолӣ ва маҳсулоти пешниҳоднамудаи иштирокчиён шинос гардида, барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон – 2025» аз 13 то 15 ноябр идома ёфт. Дар он зиёда аз 60 ширкат аз Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон, Покистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Беларус, Ҳиндустон ва Арабистони Саудӣ молу маҳсулоташонро пешниҳод намуданд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид






