Байни Тоҷикистон ва Чин ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар мулоқоти роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо ду гурӯҳ сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин, имконоти мавҷудаи сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инфрасохтори рушдёбанда ва маҷмуи дастгирию имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Тоҷикистон ба сармоягузорони хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маъмурияти ин минтақа хабар медиҳад, дар мулоқот иброз гардид, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ бо Чин аҳамияти хосса дода, омода аст барои амалӣ гардидани лоиҳаҳои муштарак тамоми шароити заруриро фароҳам намояд.
Дар вохӯрӣ самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, технологияҳои муосир ва сайёҳӣ баррасӣ ва ба сармоягузорон имконияти воқеии иқтисодии мамлакат муфассал шарҳ дода шуданд.
Сармоягузорони чинӣ аз шароити мусоид, суботи макроиқтисодӣ ва сиёсати «дарҳои боз»-е, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон татбиқ мегардад, изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки дарозмуддат баён доштанд.
Ҳамсуҳбатон изҳори умед намуданд, ки ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни ду ҷумҳурӣ минбаъд боз ҳам таҳким ёфта, ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодии ҷонибҳо мусоидат менамояд.
АКС: Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






