Бастаҳои интернетии «Одӣ»: осон, мувофиқ, муфид

Ноябрь 19, 2025 11:52

ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. МегаФон Тоҷикистон бастаҳои интернетии силсилаи «Одӣ»-ро ҷорӣ намуд. Онҳо ба муштариён имкон медиҳанд, ки ҳаҷми мувофиқи трафикро интихоб намоянд. Ба ғайр аз ин, интернети мобилӣ аз ҷиҳати нарх низ дастрастар шуд.

Силсилаи «Одӣ» панҷ бастаеро дар бар мегирад, ки рақамҳои дар номашон дарҷшуда ҳаҷми умумии трафики дастрасро ифода менамоянд. Масалан, «Одӣ 3000» 3 000 Мб-ро бо нархи 30 сомонӣ дар бар гирифта, «Одӣ 20 000» аз 20 000 Мб бо нархи 120 сомонӣ иборат аст. Ҳама бастаҳо давоми 30 рӯз аз лаҳзаи пайвасткунӣ амал намуда, дар дилхоҳ тарофаҳои ширкат дастрас мебошанд.

Бастаи калонтарин аз силсилаи нав – «Одӣ 20 000» мебошад. Он 20 000 Мб интернетро бо нархи 120 сомонӣ пешниҳод намуда, барои истифодабарандагони фаъоле, ки зиёд видео тамошо мекунанд, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳоро ба кор мебаранд, мувофиқ меояд. Маълумоти муфассал оид ба таркиб ва нархи бастаҳо – дар ҷадвали зерин:

Пайвасткунии бастаҳои интернетии силсилаи «Одӣ» дар дилхоҳ идораи хизматрасонии ширкат ё мустақилона – тариқи замимаи мобилии «МегаФон Life» ва Ҳуҷраи шахсӣ имконпазир аст.

Агар ҳаҷми трафики интихобгардида нокифоя барояд, бастаи иловагиро метавон пайваст намуд. Барои ин ду вариант пешбинӣ шудааст: «Одӣ +500» бо 500 Мб бо нархи 7 сомонӣ ва «Одӣ +1000» бо 1 000 Мб бо нархи 10 сомонӣ. Бастаҳои иловагӣ то анҷоми муҳлати амали бастаи асосӣ амал карда, имкон медиҳанд, ки манбаъҳои интернетӣ ба таври муносиб идора карда шаванд.

Ҳангоми сари вақт супурдани маблағ, яъне давоми 72 соат пас аз анҷоми муҳлати амали баста бақияи сарфнашудаи трафики интернет ба давраи оянда гузаронида мешавад. Баъди сарфшавии тамоми ҳаҷми трафики пешниҳодгардида нархгузорӣ 0,06 сомониро барои 1 Мб ташкил медиҳад. Ҳангоми ивазкунии тарофа бастаҳои интернетии силсилаи «Одӣ» қатъ намегарданд.

Бо интихоби яке аз бастаҳои нав муштарии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ҳаҷми зарурии интернетро бо нархи муфид ба даст меорад ва метавонад бо назардошти талаботи худ имкониятеро осон, мувофиқ ва бе шартҳои зиёдатӣ ба даст оварад.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

 

Ноябрь 19, 2025 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд