Биогаз дар минтақаҳои деҳот: роҳи ҳал ё таҷрибаи муваққатӣ барои Тоҷикистон?

Ноябрь 24, 2025 14:22

ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Инкишофи энергетикаи “сабз” дар Тоҷикистон ба ниёзи стратегӣ табдил ёфтааст. Ба иттилои мутахассисон, мамлакат дар минтақаи осебпазир аз таъсири гармшавии глобалӣ қарор дорад. Бо вуҷуди саҳми ночиз дар ифлоскунии атмосфера Тоҷикистон бо обшавии босуръати пиряхҳо, ноустувории захираҳои об ва боло рафтани “изтироби экологӣ” дар ҷомеа рӯ ба рӯ шудааст. Ҳамаи ин зарурати истифодаи манбаъҳои алтернативӣ ва устувори энергияро тақвият медиҳад. Маҳз ба ҳамин хотир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023–2037»-ро қабул намудааст, ки ба истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҷалби сармоя ва кам кардани хатарҳои иқлимӣ равона шудааст. Дар посух ба ин созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ низ талошҳоро бештар намуда, лоиҳаҳоро дар соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия пеш мебаранд.

Энергия аз партовҳо: чӣ гуна биореактор ба хонаводаҳои деҳот кумак мерасонад?

Ҳар сол зиёда аз ҳафт миллион сокини Тоҷикистон — беш аз 70 фоизи аҳолӣ, асосан хонаводаҳои деҳот дар шароите зиндагӣ мекунанд, ки истеъмоли неруи барқ дар фасли сармо ба таври ҷиддӣ меафзояд. Дар чунин давраҳо шабакаи барқ бо сарфи зиёди неру дучор мегардад, ки на ҳамеша имкони таъминоти устувор вуҷуд дорад.

Мо ба хонаи оилаи Алиевҳо дар шаҳри Ваҳдат рафтем. Дар ҳавлӣ биореактори хурд насб шудааст, ки оиларо бо гази худӣ таъмин карда, вобастагиро аз қатъшавии неруи барқ кам мекунад.

Пиронсолтарин узви оила Ғалатмо Алиева, ки имрӯз 14 набера дорад, чунин нақл мекунад:   «Дар назди мо биореактор насб шудааст ва ин газ ростӣ моро наҷот медиҳад. Мо онро худамон истифода мебарем ва ҳамсояҳо низ онро меписанданд. Мо се модиён дорем, аз ҳамин сабаб пору барои пур кардани биореактор басанда аст ва биогази ҳосилшуда ба як рӯз комилан мерасад. Беш аз 30 сол ман вақтро барои ҷамъоварии чӯбу поруи хушкшудаи чорво сарф мекардам, ҳоло бошад ба ин эҳтиёҷ нест. Баъд аз ҷамъоварии ҳосил мо ҳатто ба консерва кардани сабзавот ба таври иловагӣ сар кардем».

Ба таҳлили мутахассисони соҳа,  гузариш ба биогаз ба хонавода имкон медиҳад, ки 416 доллар дар як сол танҳо аз ҳисоби коҳиши вақти қаблан сарфшуда барои ҷамъоварии сӯзишворӣ сарфа кунад. Ин махсусан барои занон муҳим аст, зеро асоси ин кор бар дӯши онҳо аст. Афзалияти иловагӣ — беҳтар шудани саломатӣ: набудани дуд дар хона фишорро ба роҳи нафас кам мекунад ва ба ҳисоби коршиносон, то 50 доллар дар як сол аз дорую муолиҷа сарфа мешавад.

Дар шароите, ки гармидиҳӣ ноустувор аст ва барқ пайваста қатъ мегардад, ин водор месозад, ки хонаводаҳо дубора ба чӯбу поруи хушкшудаи чорво баргарданд. Таҷрибаи оилаи Алиевҳо нишон медиҳад, ки ҳатто биореактори хурд метавонад рӯзгори онҳоро тағйир диҳад, меҳнати вазнини хонагиро кам кунад ва имконияти нави даромад ба вуҷуд оварад.

Биогаз бар зидди воқеият: чӣ чизро мақолаҳои таблиғотӣ пинҳон мекунанд?

Ширкати «Некигол» барои татбиқи лоиҳаи насби биореакторҳо дар ноҳияҳои пилотӣ аз Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид маблағҳои грантӣ гирифтааст. Саидмурод Рамазонов, мутахассиси ширкат чунин шарҳ медиҳад:
«Сохтори биореактор сода аст: мо пору ва обро дар таносуби як ба ду омехта карда, ба биореактор ворид мекунем. Дар дохили он раванди ҷӯшиш оғоз меёбад. Дар биореактор ҳаво вуҷуд надорад ва маҳз дар чунин шароити анаэробӣ микроорганизмҳои махсус фаъол мешаванд. Онҳо тадриҷан органикаро таҳлил мекунанд ва дар натиҷа газ, асосан метан ҳосил мешавад, ки ҳамон биогаз аст. Модели мо дар ҳарорати аз +15 то +22 дараҷа фаъолият мекунад».

Ба савол дар бораи талабот ба чунин биореактор ӯ ҷавоб дод, ки «ба ғайр аз гранти Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид мо аз шахсони воқеӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ё соҳибкорони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ягон фармоиш нагирифтем».

Умархон Мадвалиев, директори генералии Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон доир ба ин масъала гуфт, ки «ин масъала ҳадди ақал аз ду ҷиҳат – иқтисодӣ ва экологӣ бояд баррасӣ карда шавад. Хусусан равандҳои ҷӯшиши биореактор дар шароити иқлими сарди минтақа бояд ба назар гирифта шаванд. Ҳамкорони ман дар Қирғизистон низ бо дастгирии грантҳои созмони байналмилалӣ ба ин самт машғул буданд, аммо пас аз анҷоми лоиҳа ширкаташон фаъолиятро қатъ кард, зеро талаботи бозорӣ вуҷуд надошт».

Дар ин замина бояд гуфт, ки барои он нафароне, ки ҳар сомониро ҳисоб мекунанд, арзиши чунин таҷҳизот на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар якчанд кишвари Осиёи Марказӣ хеле баланд аст. Нархи он аз 5000 оғоз шуда, то ба 17 000 доллар мерасад.

Омили муҳими дигар шароити ҳароратии кори биореактор мебошад. Дар фасли сармо чунин таҷҳизот бе гармкунии иловагӣ ё изолятсияи хуб самаранок нестанд. Ҳатто ҷойгир кардани онҳо дар гармхона мушкили ҳароратро пурра ҳал намекунад. Биореакторҳо бештар дар фасли гармо ё минтақаҳои дорои иқлими мулоим фоидаовар ҳастанд ва наметавонанд камбуди неруи барқ дар зимистонро ҷуброн кунанд.

Барои истифодаи солона танҳо моделҳои такмилёфта бо гарминигоҳдорӣ, системаҳои гармидиҳӣ ё омезиш бо дигар манбаъҳои энергия заруранд. Он сохторро чанд маротиба зиёд мекунад.

Биореакторҳо: сарфаи захираҳо ва таъсири экологӣ

Таҳқиқоти саҳроии 20 хоҷагии хонагӣ нишон дод, ки биореакторҳои хурд метавонанд истеъмоли ҳезумро то 80–90 фоиз коҳиш диҳанд. Ҳар як чунин таҷҳизот солона тақрибан 276 килограмм гази моеъ (LPG)-ро иваз мекунад, ки хароҷоти хонаводаҳоро тақрибан ба 276 доллар кам мекунад. Илова бар ин биореакторҳо ҳамасола тақрибан 2 тонна CO₂-ро аз ихроҷ пешгирӣ намуда, ҳар ҳафта аз 70 то 120 сатил нуриҳои моеъ истеҳсол мекунанд.

Деҳқони соҳибтаҷрибаи дорои собиқаи кории 30-сола Миралӣ Алиев таҷрибаи худро чунин нақл мекунад:

«Дар назди мо газ аз партовҳои чорво ҳосил мешавад. Баъди ба даст овардани газ ҳавз барои ҷамъоварии нуриҳо истифода мешавад. Дар хоҷагии мо дар масоҳати 1 гектар ин нурӣ барои кишти асосӣ ва кишти такрорӣ истифода мешавад. Баъд аз коркарди биореактор тухми алафҳои бегона нобуд шуда, бо ёрии насос мо моеъро ҷамъ мекунем. Ин нурӣ- «бионурин» аз нурии химиявӣ беҳтар аст, зеро он зинда буда, микроорганизмҳо дорад».

Яъне, сарфаи маблағ барои нуриҳо дар як сол то 547 доллар мерасад. Хонаводаҳое, ки биореакторро якҷо бо гармхона насб кардаанд, то 1000 доллари иловагӣ дар як сол ба даст меоранд, зеро имкон доранд ду ҳосил ҷамъоварӣ кунанд.

Мушкилоти рушди маблағгузории «сабз» дар Тоҷикистон

Рушди маблағгузории «сабз» дар Тоҷикистон ҳанӯз дар марҳилаи ибтидоӣ қарор дорад, сарфи назар аз он ки талабот ба ҳалли экологӣ зиёд мешавад. Монеаҳои асосӣ аз инҳо иборатанд:

  • набудани маҳсулоти қарзии махсусгардонида;
    • маҳдуд будани дониш ва малака дар муассисаҳои молиявӣ;
    • паст будани огоҳии аҳолӣ;
    • сатҳи нокифояи танзимгарӣ, ки дар он стандартҳои қарзҳои «сабз» ва ҳисоботдиҳии ESG вуҷуд надоранд.

Аксари бонкҳо таҷрибаи баҳодиҳии лоиҳаҳои экологиро надоранд, ки онҳоро нисбат ба шаклҳои нави сармоягузорӣ эҳтиёткор месозад. Дар натиҷа лоиҳаҳои энергияи барқароршаванда ва самаранокии энергетикӣ тақрибан пурра аз дастгирии донорӣ вобаста мемонанд ва аз асоси институтсионалии устувор маҳруманд.

Барои ҳалли ин мушкилот кадом корҳо бояд анҷом дода шаванд?

Коршиносон барои бартараф намудани монеаҳои мавҷуда маҷмуи чораҳои заруриро пешниҳод мекунанд:

  • омодасозии мутахассисони бахши бонкдорӣ ва таъсиси маркази салоҳиятҳо оид ба маблағгузории «сабз»;
  • таҳияи маҳсулоти қарзии махсус бо фоизи паст ва механизмҳои суғуртаи хатарҳо;
  • ҷорӣ намудани барномаҳои грантӣ ва низомҳои бонусӣ барои ҳавасмандгардонии муассисаҳои молиявӣ;
  • таҳкими эътимод ба соҳа тавассути механизмҳои шаффофи сертификатсия ва стандартҳои ESG;
  • гузаронидани маъракаҳои иттилоотӣ ва пилотҳои намунавӣ дар деҳот барои тарғиби технологияҳои «сабз»;
  • ҷорӣ кардани моделҳои омехтаи маблағгузорӣ ва таъсиси фондҳои муштарак байни давлат, бахши хусусӣ ва донорҳо.

Ин қадамҳо метавонанд иқтисоди «сабз»-ро аз ташаббуси донорӣ ба унсури комили рушди устувори иқтисодии мамлакат табдил диҳанд.

Дар умум метавон гуфт, ки биогаз ва дигар технологияҳои «сабз» ҳалли универсалии мушкилоти энергетикии деҳот нестанд. Онҳо наметавонанд норасоии зимистонаи энергияро пурра бартараф кунанд, бахусус бо назардошти маҳдудияти ҳароратии кори биореакторҳо. Таҷрибаи лоиҳаҳои пилотӣ нишон медиҳад, ки чунин технологияҳо метавонанд зиндагии хонаводаҳои деҳотро ба таври назаррас осонтар кунанд, хароҷотро кам намоянд, вазъи экологиро беҳтар созанд ва имконияти нави кишоварзиро фароҳам оваранд.

Аз ин рӯ маблағгузории «сабз» ва дастгирии ҳалли инноватсионӣ бояд ҳамчун абзори стратегӣ баррасӣ шаванд, на танҳо барои кам кардани вобастагӣ аз донорҳо, балки барои ташкили иқтисоди устувор ва ба экология нигаронида.

Шоира Тоирова

 

Ноябрь 24, 2025 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
ZET-MOBILE натиҷаҳои давравии иқдоми «Миллионро гир» -ро барои моҳи октябр эълон намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Миср бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд
ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи ҷамъоварии пахта 101 фоиз иҷро гардид