ЧОРВОДОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти гӯштию ширӣ ба рушди ин соҳа вобаста аст
ДУШАНБЕ, 22.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон 2 миллиону 867 ҳазору 833 сар чорвои калони шохдор мавҷуд аст. Таъмини аҳолӣ бо гӯшт, маҳсулоти гӯштии хушсифату арзон, шир ва маҳсулоти ширӣ ба рушди чорводорӣ вобаста мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷумҳурӣ саршумори модагов 1 миллиону 520 ҳазору 593 сар, қутос 31 ҳазору 452 сар, гӯсфанду буз 7 миллиону 455 ҳазору 250 сар ва асп 94 ҳазору 441 сарро ташкил медиҳад.
Бо мақсади рушд бахшидан ба чорводорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барномаҳои давлатӣ қабул намудааст, ки барои рушд ёфтани ин соҳа дар ҷумҳурӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Сардори Раёсати чорвопарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдулло Ҳабиб ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки рушди соҳаи чорводорӣ аз нигоҳубин, хӯронидан ва зиёд намудани насли он вобаста мебошад. Саршумори чорво нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 146,8 ҳазор сар ё 6-7 фоиз зиёд аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини бехатарии озуқаворӣ ва рушди соҳаҳои афзалиятноки мамлакат, алалхусус соҳаҳои чорводорӣ ва комплекси агросаноатӣ диққати махсус зоҳир менамояд. Яке аз ҳадафҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат мебошад.
Соҳаи гӯсфандпарварӣ
Гӯсфанду бузпарварӣ низ соҳаҳои муҳими чорводорӣ мебошанд, ки соҳаи саноати мамлакатро бо гӯшт, равған, шир, инчунин пашм ва пӯст таъмин менамоянд. Гӯсфандпарварӣ аз рӯи маҳсулоти асосиаш ба маҳинпашм, ниммаҳинпашм ва нимдуруштпашм, инчунин гӯштию пашмин ҷудо мешавад. Дар ҷумҳурии мо гӯсфанди гӯшту равғандори ҳисорӣ ва гӯшту равғану пашмдори тоҷикӣ бештар мушоҳида мегардад.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, рушди маҳсулнокии чорво, пеш аз ҳама, ба дараҷаи хӯронидан ва захираи хӯроки он вобастагии калон дорад. Барои ба даст овардани маҳсулоти чорвои аз ҷиҳати экологӣ тоза масъалаи таъминнокии хӯроки чорво бояд дар мадди аввал гузошта шавад.
Нисбат ба ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешидааст. Агар дар мамлакат саршумори чорво зиёд бошад, пас чаро нархи маҳсулоти он, аз қабили ширу гӯшт сол то сол баланд мегардад?
Вобаста ба ин масъала Убайдулло Ҳабиб иброз намуд, ки «агар солҳои гузашта нархи 1 килограмм кунҷора аз 2,5 то 3 сомонӣ арзиш дошт, дар айни замон он 6-7 сомонӣ мебошад. Инчунин яке аз мушкилоти дигар- ин дар маҳаллаҳои дурдасттарини мамлакат камтаваҷҷуҳӣ ба чорвопарварӣ ва тақсими нобаробари чарогоҳҳо мебошад. Ҳоло аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои дастрасии баробар ба чарогоҳҳо барнома амалӣ мегардад».
Соҳаи қутоспарварӣ
Дар ҷаҳон беш аз 2 миллион сар қутос мавҷуд буда, макони асосии паҳншавӣ ва парвариши онҳо Тоҷикистон, Муғулистон, Чин, Афғонистон, Федератсияи Русия (Осетияи Шимолӣ, Қабардину Балкар, Тува, Бурятистон) ва Қирғизистон мебошанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қутоспарварӣ яке аз соҳаҳои ояндадор ба ҳисоб рафта, шароити табиӣ ва чарогоҳҳои баландкӯҳ барои рушди минбаъдаи он мусоидат менамоянд. Қутосҳо ба ҳавои камоксиген мутобиқ буда, дар шароити аз сатҳи баҳр 2000-2500 метр баланд ва зиёда аз он зиста метавонанд. Дар айни замон дар мамлакат 31 ҳазору 452 сар қутос мавҷуд мебошад.
Қутосҳо дар мавзеъҳои баландкӯҳ парвариш ёфтаанд. Бинобар ин, иқлими хунук ва камалафии чарогоҳҳои баландкӯҳ аз талаботи шартӣ ва ногузири биологии қутосҳо ба шумор мераванд. Чарогоҳҳои баландкӯҳи камалафу сангзор дар минтақаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Лахш барои нигоҳубин ва парвариши қутос мувофиқ мебошанд.
Қутосҳо барои истеҳсоли гӯшт, шир ва пашм дар манотиқи баландкӯҳ афзоиш дода мешаванд. Вазни зиндаи қутосҳо ба ҳисоби миёна 450-560 килограмм ва қутосҳои модина- 320-360 килограммро ташкил медиҳад. Қутосҳои калонсол то 2-3 килограмм пашм медиҳанд ва миқдори тибит 57-61 фоиз аст. Миқдори шири қутос дар як сол 600-700 килограмм буда, равғаннокии шири он 6,5-7,2 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба равғаннокии шири модагов 2 маротиба зиёд мебошад. Азбаски дар таркиби гӯшти қутос сафедаҳои пурбаҳо зиёд ва равғани холестериндор хеле кам аст, он барои истеҳсоли ҳасибҳои навъи аъло мувофиқ аст. Инчунин пӯст, шох, пашму қили думи онҳо ҳамчун ашёи хоми саноатӣ истифода бурда мешавад.
Соҳаи асппарварӣ
Дар Тоҷикистон 94 ҳазору 441 сар асп мавҷуд мебошад. Асппарварӣ дар Тоҷикистон соҳаи қадимтарин ба ҳисоб меравад. Дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳанӯз 3 ҳазор сол қабл аз милод асп парвариш мекардаанд. Зотҳои аспҳои мамлакати мо дар пойгаҳҳои асптозӣ шуҳрати зиёд доштанд. Назар ба дигар намуди чорво дар ин давра зиёд шудани саршумори асп гувоҳи он аст, ки дар мамлакат нисбат ба асп таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар замони истиқлолият ба парвариши зотҳои машҳури аспҳои тоҷикӣ ва хатлонӣ диққати махсус дода мешавад. Ҳоло дар Тоҷикистон хоҷагиҳои махсуси асппарварӣ вуҷуд доранд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ПАХТАКОРӢ. Соли 2026 дар Тоҷикистон дар чанд гектар пунбадона кишт карда мешавад?
Соли 2026 дар Тоҷикистон дар беш аз 15 ҳазор гектар пиёз кишт карда мешавад
СОҲАИ ПАХТАКОРӢ МУНОСИБАТИ ҶИДДӢ ТАЛАБ МЕКУНАД. Он ба амнияти озуқаворӣ, рушди саноати сабук ва афзоиши содирот вобаста аст
Соли 2025 дар Тоҷикистон 236 километр роҳҳои мошингард ва иншооти роҳу нақлиёт бунёд гардид
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 96 тонна асал истеҳсол карда шуд
Дар 7 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намудааст
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
Кишоварзони Тоҷикистон соли 2026 дар беш аз 274 ҳазор гектар зироати ғалладонагӣ кишт менамоянд
Дар ҶСК «Барқи Тоҷик» самти энергетикии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баррасӣ гардид
Сарфаи неруи барқ на танҳо ба коҳиши хароҷоти оилавӣ, балки ба самаранокии неруи барқ низ мусоидат менамояд
Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба истифодаи долони нақлиётӣ, ки Чинро бо Аврупо мепайвандад, ба мувофиқа расиданд
Сохтмони хати барқии баландшиддати ҳавоӣ аз зеристгоҳи «Равшан» то зеристгоҳи «Шаҳринав-2» идома дорад






