Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 31-солагии Конститутсия конференсияи илмию амалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсия дар баробари мусоидат дар рушди ҳама самтҳои ҷомеа ба рушду такомули илми мамлакат ва заминаи мустаҳкам гузоштан барои таҳқиқотҳои илмӣ, ҳамчунин вусъат бахшидан ба таҳияи асарҳои илмии сатҳи байналмилалӣ ва ба ин васила боз ҳам баланд гардидани нуфузи олимон дар ҷумҳурӣ ва берун аз он мусоидат хоҳад намуд. Ин матлабро 3 ноябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни конференсияи илмию амалӣ бахшида ба 31- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон–асоси рушди давлати миллии демократӣ» баён намуд.
Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки 31 сол аст, ки мардуми Тоҷикистон сарнавишти худро тибқи муқаррароти ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсози ҷумҳурӣ муайян намуда, самтҳои муҳими ҳамаи соҳаҳои зиндагиашонро пеш мебаранд.
Ҳамасола ба муносибати таҷлили рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раёсат ва муассисаҳои илмии академия чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, конференсия ва ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ ва илмӣ-назариявӣ баргузор мешаванд, ки аз арҷгузорӣ ва эҳтироми самимӣ ба ин иди умумимиллӣ дарак медиҳанд.
Таъкид гардид, ки ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз бо заҳмату талошҳои пайвастаи фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, ки пояҳои давлатдориро устувор намуда, роҳи минбаъдаи таҳким ва пешрафти онро муайян намуд.
Тавре Сарвари давлат иброз намуданд: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик мебошад».
Дар идомаи конфронс асари тозанашри профессор Абдураҳим Холиқзода зери унвони «Давлати миллии демократӣ», ки дар 2 ҷилд аз чоп баромадааст, рӯнамоӣ гардид.
Дар асари илмӣ масъалаҳои мубрами давлати миллӣ, манфиатҳои миллӣ бо арзишҳои демократию башарӣ, фикрҳои ҷолиби илмӣ бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ва илми давлатшиносӣ фаро гирифта шудаанд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид






