Дар Берн рушди соҳаи алоқа ва рақамикунонии хизматрасонии почта дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

Ноябрь 26, 2025 09:22

ДУШАНБЕ 26.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар шаҳри Берн бо Директори генералии Созмони ҷаҳонии почта (UPU) Метоки Масаҳико мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария  хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо сатҳи рушди соҳа дар Тоҷикистон, истифодаи имконияти созмон барои пешбурди соҳаи алоқа дар мамлакат тавассути рақамикунонии хизматрасониҳои почтавӣ дар ҳама марҳилаҳо ва таҳкими ҳамкории минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Ноябрь 26, 2025 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад