Дар Ҷамоати деҳоти Алмосии Ҳисор пули нав ба истифода дода шуд

Ноябрь 17, 2025 14:55

ҲИСОР, 17.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Суғдиёни Ҷамоати деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор пули мошингузар мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Сохтмони пули мошингузар дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ моҳи июли соли равон оғоз гардида, бо маблағи зиёда аз 4 миллион сомонӣ бунёд гардид.

Зимни ифтитоҳи пули мошингузар Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода фаъолону сокинони ҷамоатро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт. Ҳамзамон аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба фаъолон, сокинону соҳибкорони ҷамоат барои бунёди иншооти муҳими ҷашнӣ изҳори сипос карда шуда, Сипоснома тақдим гардид.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки саҳми сокинони Ҷамоати деҳоти Алмосӣ дар бунёди бинои мактаб, синфхонаҳои иловагӣ, иншооти соҳаи тандурустӣ, таъмиру таҷдиди роҳ ва дигар корҳои созандагӣ арзишманд буда, дар рушди деҳот саҳми шоиста доранд. Ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидани дараи Алмосӣ, инчунин гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ, ки маҳсули заҳмати ин кишоварзон мебошад, боиси сарфарозии сокинони на танҳо дараи Алмосӣ, балки тамоми мамлакат мебошад.

Пули мошингузари қаблӣ болотар аз ин мавзеъ сохта шуда буд. Он бар асари боронҳои сел тез-тез фурӯ рафта, барои сокинону меҳмонони ин мавзеъ мушкилиҳои зиёд пеш меовард. Хушбахтона, бо бунёди пули нав мушкилии сокинон пурра бартараф шуда, минбаъд дар ҳама фаслҳои сол рафтуомади сокинон таъмин мегардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Ноябрь 17, 2025 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд