Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ масоили муосири саноати мошинсозӣ ва маводшиносӣ баррасӣ гардид

Ноябрь 28, 2025 11:31

ДУШАНБЕ, 28.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022–2026) таҳти унвони «Масъалаҳои муосири саноати мошинсозӣ ва маводшиносӣ» конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Иброз гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар соҳаи саноат ва илму маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои рушди минбаъдаи мамлакат заминаҳои устувор гузошта шуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро чун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат қабул намуд. Дар ин замина дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба тарбияи кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуда, барои соҳибкасб намудани онҳо дар соҳаи фанҳои дақиқ, хусусан химия корҳои арзишманд ба анҷом расонида мешаванд.

Иброз гардид, ки саноатикунонии мамлакат замина фароҳам меорад,  ки имконоти шаҳрвандон зиёдтар шуда, ҳамзамон даромади молиявӣ низ тағйир ёбад ва маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ маҳсулоти бозори беруниро иваз намояд. Аз ҷониби дигар, маҳсулоти истеҳсоли коргоҳҳои Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонӣ роҳ меёбад.

Дар ин замина фаъолияти парки технологии донишгоҳ, ки ба беҳтар гардонидани кори таълиму тарбия дар донишгоҳ нигаронида шуда, корҳои хоҷагии дохилии донишгоҳ тибқи он пеш бурда мешаванд, ёдоварӣ гардид.

Парки технологии донишгоҳ, ки аз соли 2015 инҷониб фаъолияти хуб надошт, ҳоло ба таври назаррас амал менамояд

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи Солҳои рушди саноат дар ҳудуди боғи «Агробиолабораторӣ»-и донишгоҳ корхонаи хурди истеҳсоли моеъҳои шӯянда ва косметологӣ фаъолият дорад. Он яке аз паркҳои муваффақ дар байни паркҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат мебошад.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 

Ноябрь 28, 2025 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд