Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни конференсияи байналмилалӣ дар Душанбе Стандарти ягонаи бизнес-таҳсилот дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Стандарти ягонаи бизнес-таҳсилот барои равнақ бахшидан ба рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон замина мегузорад.
Гуфта шуд, дар замони ҷаҳонишавӣ ва рушди техника талабот ба маҷмуи маҳсулот дигар мегардад. Барои дар бозори ҷаҳон муваффақ гардидан бояд ба стандартҳои низоми менеҷменти сифат диққати ҷиддӣ дода шавад.
Иброз гардид, ки дар шароити муосир давлат ҳамчун институти сиёсӣ дар низоми сиёсии ҷомеа барои рушду тараққиёти ҳаёти шарвандон нақши меҳварӣ дорад. Рушди босуботи иқтисодӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ аз низоми идоракунии давлатии самарабахш вобаста мебошад. Натиҷаи таҳия ва татбиқи стратегия ва барномаҳои дурусти давлатӣ аст, ки дар ҷаҳони муосир бархе давлатҳо бо суръати кайҳонӣ рушд менамоянд.
Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» таҳия ва қабул гардид. Дар он дар баробари пешбинии рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ такмили низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳаррики асосии рушди мамлакат мебошад, низ яке аз бандҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Стратегияи мазкур рушди дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, барои амалӣ гардидани он тамоми мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ ҷалб шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «татбиқи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» барои расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат мусоидат намуд».
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид






