Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид

Ноябрь 27, 2025 10:22

ДУШАНБЕ, 27.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо директори навтаъйини Агентии ҳамкории байналмилалии Олмон дар Тоҷикистон Виктор Ветсел баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд, зимни мулоқот ҳамкории муштарак дар самти муҳити зист, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ба нашр расонидани Китоби сурх баррасӣ карда шуд.

Иброз гардид, ки саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нигоҳдории экосистемаҳои табиӣ ва татбиқи энергияи «сабз» дар минтақаи Осиёи Марказӣ назаррас мебошад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 27, 2025 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад